Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва шакли пурра ё кӯтоҳи бандакҳои хабарӣ сохта мешавад (ниг. Сиғаи эҳтимолӣ).

Замони ҳозира-ояндаи эҳтимолӣ ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: мерафтагиям, мерафтагий, мерафтагист ва ғ.; тарзи дуюм: мерафтагистам, мерафтагистӣ, мерафтагист (ем, ед, анд):

Албатта Фирӯза хун мехӯрдагист, метапидагист, ба идораҳо сар мезадагист, ба чека мерафтагист. — Ягон гап мепурсидагиянд, ягон кор мефармудагиянд, ба ҳар ҳол ягон масъалаи муҳим будагист (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). То баҳор сохта тамом мекардагистем-а, рафиқ Баротов? (С. Улуғзода, Навобод).

Сохти феълҳо

Чунон ки дар ҳиссаҳои дигари нутқ дида мешавад, ифодаи маънӣ, тобишҳои маъноӣ ва грамматикии феъл ҳам вобаста ба сохту таркибҳои феълӣ ифода меёбанд. Ин гуна тобишҳои маъноӣ, грамматикӣ ва ҳатто услубиро дар категорияҳои феълии монда ва гузаранда, бевосита ва бавосита, шуҳудӣ ва нақлӣ, мутлақ ва давомдор, инчунин дар сиғаҳо ва шаклҳои замонии феълҳо мушоҳида кардем.

Пас, мурод аз сохти феълҳо муайян кардани шаклҳои феъл, тарзу воситаҳои калимасозӣ ва таркибсозии феълҳо мебошад, ки ифодаи маъниҳои феълӣ ба онҳо вобаста аст. Шакл — қолиби ифодаи маъност. Дар ҳақиқат маънои феълӣ гирифтан дигар асту даргирифтан дигар. Монанди ҳамин, феълҳои зерин, ки аз ҷиҳати шаклу таркиб фарқ мекунанд, аз ҷиҳати маъно ва тобишҳои маъноӣ ҳам фарқ доранд: гаштан — баргаштан — бозгаштан, истодан — бозистодан, хӯрдан — вохӯрдан, намудан — вонамудан, тезонидан — тез кардан; ҳамчунин таркибҳои феълии устувор кардан — устувор шудан — устувор гардидан, омада мондан, монда рафтан, гуфта додан ва ғайра.

Ғайр аз ин, дар тарзу мавриди истеъмоли услубии ин гуна шаклу таркибҳои феълӣ ҳам каму беш фарқ дида мешавад. Яке дар ҳамаи услубҳои забони адабӣ серистеъмол, дигаре камистеъмол ё хоси яке аз услубҳо мебошад; яке тобиши адабӣ-китобӣ, дигаре хусусияти гуфтугӯӣ дорад; як тарзу воситаи феълсозӣ сермаҳсул, дигаре каммаҳсул аст ва ҳоказо.

Ҳамин тариқа, вобаста ба сохти феълҳо маъноҳои лозимаи луғавӣ, грамматикӣ ва тобишҳои услубии онҳо ифода меёбанд. Феълҳо аз ҷиҳати сохт гуногунанд, вале аз рӯи қоидаҳои муайян таркиб ёфта, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: феълҳои содда, феълҳои сохта, феълҳои таркибӣ.

пешина
аз 457
навбатӣ