Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мебинӣ, ки наҳре аз даре баромада, ба Панҷ мерезад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Вақте ки муқарраб шудӣ, аввало худат, пеши ӯро гирифта меистӣ, баъд ба ман, ба Чека хабар дода меистӣ, мо чораи кори ӯро мебинем (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Замони ояндаи дур
Ин шакли феъл аз асоси замони ҳозираи феъли ёридиҳандаи хостан (хоҳ) ва шакли масдари мухтасари феъли асосӣ, ки ба асоси замони гузашта баробар аст, таркиб меёбад. Ҷузъи якум (феъли ёридиҳанда) доимист, бандаҳои феълӣ қабул карда, шахсу шумораро мефаҳмонад. Префикси инкорӣ низ бо ҳамин ҷузъ меояд (хоҳам рафт — нахоҳам рафт). Ҷузъи дуюм (феъли асосӣ) вобаста ба ифодаи маънии луғавӣ иваз шуда меистад ва тасриф намеёбад. Масалан:
Танҳо
- ман хоҳам гуфт
- ту хоҳӣ гуфт
- вай (ӯ) хоҳад гуфт
Ҷамъ
- мо хоҳем гуфт
- шумо хоҳед гуфт
- онҳо хоҳанд гуфт
Замони ояндаи дур шакли адабӣ-китобӣ буда, дар забони ҳозираи тоҷик ҳам ба ҳамин услуб мувофиқ кор фармуда мешавад. Ин шакли феъл амали дар оянда воқеъшавандаро мефаҳмонад, ки фосилааш баъзан дур, гоҳе наздику умумӣ тасаввур мешавад. Замони ояндаи дур таъкид, қатъият ва вуқӯи муқаррарии амали ояндаро ифода мекунад. Чунончи: Худи ҳамин қайд нишон медод, ки ҳеҷ кор нахоҳад шуд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Рафиқ командир, аввал босмачиёнро нест кунем, баъд истироҳат хоҳем кард. — Дигар занон, соҳибони тӯю маъракаҳо рӯймол, сӯзанӣ ва рӯҷоҳои худро барои нақшкашонӣ бардошта нахоҳанд омад (Ҳ. Карим, Оқшуда). То зиндаем, аз шумо миннатдор хоҳем буд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Саид Амон... медонист, ки (мутриб) имрӯз ҳам, фардо ҳам дар «боми деҳа» нишаста, он асбоби сеҳрноки худро хоҳад навохт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Дар панҷсолаи нӯҳум дар республикаамон пахтакорӣ, ҳамчун соҳаи асосӣ ва пешбарандаи хоҷагии қишлоқ, тараққӣ хоҳад кард (Тоҷикистони Советӣ).
Замони ояндаи эҳтимолӣ
Сиғаи эҳтимолӣ шакли ҳозира-оянда ҳам дорад, ки бештар замони ояндаро далолат мекунад. Ин шакли феъл аз сифати феълии замони ҳозираю оянда бо суффикси -гӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо