Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Биё, додарам, ҳар ду як гӯштин бигирем. — Саид Амон мехост бигӯяд, ки ин манзараро надида ҳам медонист, ки ҳама мунтазиранд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Шакли аорист дар забони адабии пешини тоҷик (забони адабиёти классикӣ), монандӣ шакли ҳозираю ояндаи феъл, ҳам маънии замони ҳозира ва ҳам маънии замони ояндаро ифода мекард. Аммо дар забони адабии ҳозира вай асосан замони ояндаро далолат мекунад, ки ин ба мафҳуми истилоҳи «аорист» мувофиқат дорад.

Аорист аз шаклҳои сермаънии феъл аст. Вай бо чунин хусусияти худ дар матн тобишҳои гуногун пайдо мекунад (ниг. Сиғаи шартию хоҳишмандӣ). Аорист дар ҷумла тобишҳои сиғавии шарти хилоф, хоҳишу таъкид, тахмину эҳтимол ва монанди инҳоро гоҳо бевосита, баъзан бо ёрии калимаю ибораҳои махсус ифода мекунад. Масалан:

Агар натарсӣ, ҳо ана, ба он ҷо, ба сари роҳ рафта ист. — Албатта равад, ба мактаб хонад, мулло шавад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳамин ки Бухоро ба даст дарояду ҷанг тамом шавад, вай моро ҷеғ зада, ба ҳар кадом як мансабу як вазифа месупорад. — Қанду гулоб харида диҳам? (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Вазифаи мо иборат аз он аст, ки муваффақиятҳои ба даст омадаро на танҳо мустаҳкам кунем, балки онҳоро афзунтар гардонем. — Имиол бинокорон бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд (Тоҷикистони Советӣ).

Феъли ҳозира-оянда

Чунон ки пеш аз ин дида шуд, феъли ҳозира-оянда аз асоси замони ҳозира бо префикси ме- ва иловаи бандакҳои шахсии феъл сохта мешавад. Тасрифаш:

Танҳо

  1. ман мебароям
  2. ту мебарой
  3. вай мебарояд

Ҷамъ

  1. мо мебароем
  2. шумо мебароед
  3. онҳо мебароянд

Шакли ҳозира-ояндаи феъл, ғайр аз ифодаи амали доимию давомноки замони ҳозира ва нақли амали гузашта, вобаста ба маънии номаш амали замони ояндаро ҳам мефаҳмонад. Чунончи, дар мисолҳои зерин замони оянда ифода меёбад:

Ана ҳамин коғазро як илоҷ карда ба Пушин мебарӣ ва ба дасти начайлики гарнизон, яъне ба калони аскарони сурх месупорӣ (Ҳ. Карим, Оқшуда). Хайр акнун ман ба ҳавлӣ ме-дароям, — гуфт ниҳоят Дилбар (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Охир, вай мункир шуда метавонад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Пас аз масофае

пешина
аз 457
навбатӣ