Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
қалам як аст: асбоби хатнависӣ), бол (боли парранда, боли самолёт).
Ба ин тариқ, сермаъноии калима (полисемия) натиҷаи кӯчондани номгӯй мебошад, ки аз як предмет ба предмети дигар мегузарад.
Навъи махсуси ба тарзи дигар фаҳмидани калима низ мавҷуд аст, ки онро «этимологияи халқӣ» меноманд. Ин ҳодиса аз он иборат аст, ки корфармояндаи калимаи ношинос кӯшиш мекунад, ки онро ба калимаи маълуми забони модарии худ аз ҷиҳати таркиби овозимаш наздик кунонад. Масалан, баъзе одамони камсаводи солхӯрда ба ҷои примус — пули мис, ба ҷои землемер — зинда-мир, ба ҷои инженер — анҷирнай мегӯянд ва ин комилан фаҳмост, чунки истеъмолкунандаи ин гуна калимаҳо мехоҳад, ки он шинос барин, «азонихудӣ» барин намояд.
Дуруст фаҳмида кор фармудани калима ба ин ё он маъно ба нағз донистани маданияти моддӣ ва забони халқӣ вобаста аст.
ОМОНИМҲО ВА ВАЗИФАИ ОНҲО
Калимаи омоним аз калимаҳои юнонӣ: homos — баробар, якхела ва onoma — ном пайдо шудааст.
Масъалаи омонимия ба сермаъноии калимаҳо тааллуқ дорад. Омоним калимаест, ки аз ҷиҳати талаффузи худ ба калимаи дигар монанд буда, аз ҷиҳати маъно аз вай ба куллӣ фарқ мекунад. Чунончи, калимаҳои бар, дӯл, дор ҳар кадом якчанд маъно дорад.
Мумкин аст саволе пайдо шавад: сермаъноии калима ва омоним аз ҳам чӣ гуна тафовут доранд?
Барои он ки иштибоҳе пайдо нашавад, мо метавонем ҳодисаи сермаъноии калимаро аз омоним будани он ба осонӣ фарқ кунем. Дар ин сурат ба калимаҳои муносиб муродиф овардан лозим асту халос. Агар калимаҳои интихобшуда муносибатҳои муродифиро нишон надиҳанд, пас калимаи маълум омоним мебошад. Масалан, калимаи дӯл-ро гирем. Ин калима се маънии аз ҳамдигар тамоман фарқкунанда дорад: 1) қуттии калони осиёб (дӯли осиёб), 2) жола (дӯл борид), 3) нақораи калон (дӯли сарбозӣ). Барои калимаи аввал, дурусттараш, барои маънии дӯли якум муродифи он қуттӣ, барои дӯл-и дуюм калимаи жола ва барои дӯл-и сеюм калимаи нақора-ро оварда муқоиса кунем, маълум мешавад, ки ин калимаҳо, яъне қуттӣ, жола ва нақора нисбат ба ҳамдигар муродиф шуда наметавонанд, пас калимаи дӯл, ки се маъноӣ дорад, омоним шуда омадааст ва маҳз барои ин дар китоби луғат онро одатан ҳамчун дӯл I, дӯл II ва дӯл III меоваранд.
Омонимҳо дар забон чӣ тавр пайдо мешаванд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё