Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Роҳҳои пайдо шудани омонимҳо инҳоанд:

  1. Калимаи аслӣ бо калимаи иқтибосӣ омоним мешавад. Масалан: ток — токи ангур; токи электрик;
  2. Тағйироти овозӣ дар таркиби калима. Масалан: бар — бари хона; китобро ба хона бар;
  3. Тасодуфан ба айни як таркиби овозӣ пайдо шуда омадани калимаҳои гуногунмаъно, ки аксаран яке аз онҳо аз забони шевагӣ ба таркиби луғавӣ дохил мешавад. Масалан, дарак: а) ба маънии хабар, овоза; б) ба маънии кӯраи металлгудозӣ.

Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки мавҷуд будани омонимҳо дар забон ҳодисаи манфист. Яъне тарафдорони ин нуқтаи назар «зарари» омонимҳоро дар он мебинанд, ки ин гуна калимаҳо барои зуд ва дуруст фаҳмидани фикри изҳоршуда монеъ мешаванд. Албатта, омонимҳо, азбаски шаклан як хел мебошанд, то андозае мумкин аст, ба фаҳмидани фикр «халал» расонанд. Масалан, дар мукотиботе, ки онро «коммуникацияи кӯтоҳ» меноманд (фармоишҳои ҳарбӣ, телеграф ва м. ин.). Вале роли муҳими фарқкунандаро пеш аз ҳама матн мебозад. Бинобар ин, ба фаҳмиши дурусти ин ё он фикр монеа пайдо намешавад. Масалан, дар ҷумлаҳои «Ин китобҳоро ба хона бар» ва «Бари хона чор метр аст» ҳеҷ вақт маънии калимаҳои бар ва бар-ро аралаш кардан мумкин нест.

Як ҳодисаи дигар низ бо масъалаи омонимия алоқа дорад, ки он фарқи навишт ва талаффузи калима мебошад. Масалан, калимаҳои тӯб ва тӯп-ро гирем. Ҳар ду калима тӯп талаффуз карда мешаванд. Ин гуна калимаҳоро омофон меноманд. Дар баробари ин, калимаҳое низ ҳастанд, ки навишташон як буда, талаффузашон гуногун аст, чунки зада ҷояшро иваз мекунад. Масалан: сӯзон ва сӯзон (коғазҳои нодаркориро сӯзон — феъли фармоиш ва офтоби сӯзон — сифат). Ин гуна калимаҳоро омограф меноманд.

СИНОНИМҲО ВА ВАЗИФАИ ОНҲО

Синонимҳо аз омонимҳо фарқ мекунанд. Онҳо шаклан аз ҳам фарқ карда, аз ҷиҳати маъно баробар ё ба ҳамдигар хеле наздиканд. Синонимҳо ин ё он ҳодисаро номбар карда, онро аз ҳар ҷиҳат ва ё аз ҳар нуқтаи назар тасвир мекунанд. Масалан, калимаҳои қадим, кӯҳна, дерина, пештара синоним мебошанд ва қариб метавонанд ҷои якдигарро гиранд. Мумкин аст гуфт: шаҳри қадим, вале шаҳри кӯҳна гуфтан ғайритабиӣ менамояд. Мо метавонем дӯсти қадим, дӯсти дерина гӯем, ҳамаи ин ибораҳо як маъниро ифода мекунанд, аммо агар ба ин ибораҳо бо ифодаи ҳамон маъно дӯс-

18

пешина
аз 457
навбатӣ