Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Тарзҳои кӯчондани маънӣ гуногунанд. Ин ҷо омилҳои сершумор роҳ мебозанд. Баъзеи онҳоро нишон медиҳем:
а) Маънӣ метавонад дар асоси монандӣ, шабоҳати предметҳои нишон дода мешудагӣ аз як мафҳум ба мафҳуми дигар кӯчад. Ин монандӣ мумкин аст аз ҷиҳати шакл, ранг, тарзи ҳаракат ва ғайра рӯй диҳад, яъне асоси кӯчондани маъниро ташбеҳ ташкил медиҳад. Масалан: нӯги сӯзан — нӯги дарахт, даҳани одам — даҳани шиша, қуллаи кӯҳ — қуллаи дониш, сари одам — сари роҳ, корди тез — зеҳни тез, оби хунук — афти хунук.
б) Кӯчидани маънӣ мумкин аст, аз рӯи алоқамандии мафҳумҳо рӯй диҳад. Ин алоқамандӣ ба масофа, вақт, материал, ашё, ҷараён ва натиҷа тааллуқ дошта метавонад. Масалан: мактаб (бино) — мактаб (системаи омӯзиш), аудитория (хона) — аудитория (хонандагон, шунавандагон), тилло (металл) — тилло (чизи тиллогин, соати тилло), холӣ (куттии холӣ) — холӣ (кисаам холӣ, яъне: пул надорам). Ин гуна кӯчидани маъниро метонимия низ меноманд.
в) Маъниро аз рӯи таносуби бутуну ҳисса, ҷузъи пурра (том) кӯчондан мумкин аст. Масалан, ягон шахсро, ки риш дорад, номашро нагирифта (аз сабаби надонистан ва ё қасдан) «риш» меноманд: «риш омад», «риш гуфт» ва м. ин. Ё тасаввур кунед, ки дар ягон ҷамъомад ҳозирон намоишеро, ки дар саҳна нишон дода мешавад, тамошо мекунанд. Аксарияти дар пеш нишастагон бекаллапӯшанд ва фақат як кас тӯппидор аст. Ҳангоми намоиш ин тӯппипӯш бо сабабе аз ҷояш мехезаду ба тамошои ақибнишастагон халал мерасонад. Дар ин лаҳза аз қафо садое мебарояд: «Эй тӯппӣ, шинед!» Чаро он шахсро ин тавр номиданд? Барои он ки садокунанда номи ӯро намедонист ва ягона аломати барҷастае, ки вайро аз дигарон фарқ мекунад, тӯппӣ буд. Яъне дар ин маврид ба ҷои одам як ҷузъи пӯшоки ӯ ном бурда шудааст.
Чунон ки мебинем, дар ҳар ду сурат ҳодисае рӯй додааст, ки ба ҷои чизи бутун (номи одам) «ҳиссай» ном ба кор бурда шудааст (риш, тӯппӣ). Вале мумкин аст баръакси ин ҳам шавад, яъне бутун, том ба ҷои ҳисса, ҷузъ кор фармуда шавад. Барои мисол мо ин ҳолатро дар вақти ба ҷои автомобил ба кор бурдани калимаи машина мушоҳида мекунем. Дар забоншиносӣ ин ҳодисаро синекдоха меноманд.
г) Навъи дигари кӯчондани маъмӣ иборат аз он аст, ки исми хос бинобар хеле машҳур шуданаш ба исми ҷинс наздик мегардад, масалан: қорӣ-ишкамбаҳо, обломовҳо, москвич (номи автомобили сабукрав), ИЛ-18 (номи самолёт).
д) Маъмӣ метавонад аз як предмет ба предмети дигар аз рӯи функция, яъне вазифаи он гузарад, масалан, қалам (дар аввал қаламуро аз най месохтанд, ки аз қаламе (перои) ҳозира шаклман ба куллӣ фарқ мекунад, аммо вазифаи ҳар ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё