Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар сермаъноии калима мо ҷиҳати дигареро низ мебинем. Гап дар бораи маънои аслӣ ва маҷозии калима меравад, ки дар луғатҳои тафсирӣ одатан маънои маҷозӣ махсус ишора карда мешавад. Табиист, ки маънои маҷозӣ баъд аз маънии аслӣ меояд, зеро бе маънии аслӣ маънои маҷозӣ вуҷуд дошта наметавонад. Барои мисол калимаи хунук-ро гирем. Маънии аслии ин калима сард мебошад (ҳавои хунук), маънии маҷозии он нозеб, безеб, дилнокаш ва инчунин бепарво, беэътино аст (афти хунук; назари хунук).
Ба ин тариқ, сермаъноии калима гуфта чунин қобилияти суханро мефаҳмем, ки вай метавонад ҳам ба маънии аслӣ, ҳам ба маънии маҷозӣ кор фармуда шавад. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки маънои ғайриаслии калима, аз он ҷумла маънои маҷозии он, дар асоси мавҷуд будани умумияти аломатҳо пайдо мешавад (маъниҳои аслӣ ва маҷозии калимаҳои хунук ва тунд-ро муқоиса кунед). Яъне сермаъноии калима дар сурате имконпазир мегардад, ки бо комплекси овозии мавҷудаи ягон чиз, ҳодиса ва аломатро ифода кардадагӣ чиз, ҳодиса ва аломати дигари монанд ифода карда мешавад. Дигар хел карда гӯем: калима дар маънии аслии худ як маънии конкретро ифода карда бошад, дар маънии (ё маъниҳои) маҷозӣ ба воситаи мафҳуми маълум мафҳуми дигарро ифода мекунад.
Бо масъалаи маънои аслӣ ва маҷозии калима роҳҳои кӯчондани маъно вобастагии зич дорад, яъне инкишофи маънии калима бо тарзҳои кӯчондани он вобаста аст.
ТАРЗҲОИ КӮЧОНДАНИ МАЪНИИ КАЛИМА
Дар натиҷаи кӯчондани маъно калима маънои нав ё иловагӣ мегирад. Худи кӯчониш мумкин аст якчанд бор рӯй диҳад, бинобар ин, айни як комплекси овозӣ маъниҳои гуногун пайдо мекунад. Ин ҳолатро мо метавонем дар ҳамон калима дар боло номбаршудаи тунд мушоҳида кунем. Маънии асосии ин калима ба соҳаи таом ва бӯй тааллуқ дорад: шӯрбои тунд, бӯй тунд. Яъне ин ҷо ғайритабиӣ будани мазаи ош ё бӯи чизе таъкид карда мешавад. Ин ғайритабиигиро мо маънии асосӣ мепиндорем ва вақте ки мо калимаи тундро бо калимаи бод кор мефармоем, мақсадамон он аст, ки ғайритабиӣ, яъне сахт будани бодро нишон диҳем. Дар баробари ин маъниҳо, дар муқоламаи мо калимаи тунд дар ибораҳои ҷавоби тунд, одами тунд ва амсоли ин низ дучор мешавад. Дар ин сурат чӣ чиз асосии маъниро ташкил медиҳад? Боз ҳамон ғайритабиигӣ, мӯътадил набудани мафҳуми ягон ҳодиса ва предмет. Дарвоқеъ, вақте ки мо ҷавоби тунд мегӯем, ҷавоби мулоим, ҷавоби мӯътадил набуданро қайд мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё