Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

сифати феълӣ, махсусан сифати феълии замони ҳозира, мафҳуми предмети пайдо карда, ба вазифаи мубтадо меояд: Равандагон барои аз ташнагӣ халос кардани аспҳошон боз ба роҳ даромаданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Раванда дар панҷ дақиқа ба пеши аспи худ расид (С. Айнӣ, Ғуломон). Ояндагон торафт зиёд мешуданд (С. Айнӣ, Одина). Ҷӯянда ёбанда аст (Фольклор).

Ифодаи мубтадо ба воситаи масдар. Масдар дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада метавонад. Мубтадо шудани масдар бештар дар зарбулмасал ва мақолҳо характернок мебошад: Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат. Шунидан кай бувад монанди дидан (Фольклор). Хобидан ҳоло барвақт буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

ТАРКИБИ МУБТАДО

Мубтадоҳо содда, таркибӣ ва чида мешаванд:

  1. Мубтадои содда. Мубтадои содда, одатан, ба воситаи як калимаи мустақилмаъно ифода меёбад. Пирак дар асл одами хурдҷусса, борикбадан ва қоқ буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай зани ҷавони хушрӯй ва нозукандом буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Овозҳо Маҳмудҷӯқаро сахт тарсонданд (Р. Ҷалил. Шикасти тилисмот). Моторҳо якзайл ғуррос мезаданд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Бобо зери лаб табассуми базӯр намоёне кард (П. Толис, Ҳикояҳои даҳ сол). Барака ҳам хомӯш монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Машинаҳо дар ин ҷо аз тарафи чапи кӯча мегаштанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Онҳо ҳамдигарро дар оғӯш гирифтанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Духтарон хандиданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар хона модарам ӯро дида ҳайрон монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Одамҳо баромада ӯро таъриф мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Ҳикоя ва очеркҳо).

  2. Мубтадоҳои таркибӣ. Мубтадоҳои таркибӣ ба воситаи ибораҳои гуногун ифода меёбанд. а) Ибораҳои изофии устувор: Революцияи Кабири Социалистии Октябрь ғалаба кард. Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ қарор қабул намуд.

б) Ибораҳое, ки аз масдар ва калимаҳои дигар ташкил ёфтаанд: Хонда шудани нақш аз тарафи як тоҷик тантанаи ин ҷашни зафарро ду боло кард (С. Айнӣ, Ҷашни таърихӣ). Кӯфта шудани дари хона гапи Павелро бурид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Расидани чунин зарба ба падарам бисёр гарон омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Нобуд шудани китоб барои ман аз ғорат шудани ҳамаи чизҳои дигарамон аламноктар буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дидани аҳволи Зебӣ дили ҳар касро ҳам реш мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

в) Ибораҳо ба вазифаи мубтадо ҳам дар шакли изофӣ ва

пешина
аз 312
навбатӣ