Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

(С. Улуғзода, Навобод). Ӯ ду писар дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ман ҳам дар рӯ ба рӯи ӯ ба суфаи як дӯкони дарбаста нишастам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Онҳо соатҳои дувоздаҳи шаб ба даромадгоҳи қишлоқ наздик шуда, дар он ҷо қарор гирифтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ту ҳавлиашро медонӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Мо ҳам ба онҳо наздиктар рафтем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ману шумо ин рӯзи фирӯзро мебинем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Моён дар коза то дере чақ-чақ карда нишастем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шимоён то ҷамъ омадани талабагон ва сар шудани таҳсил ана дар ҳамин ҷо истиқомат мекунед (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

б) Ҷонишинҳои номуайянӣ: Ким-кӣ омада, аз Нуралӣ пурсид (С. Улуғзода, Навобод). Кадоме моро кофта омадааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

в) Дар ҷумла ҷонишинҳои ишоратии ин, ҳамин, он, ҳамон ба ҷои исм омада бошанд, мубтадо шуда метавонанд: Ин ҳеҷ боке надорад, — тасаллӣ дод Пӯлод, — ду-се моҳ ҳеҷ гап нест (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Он коргаре буд (С. Айнӣ, Дохунда). Духтари парипайкари моҳсимоеро дид, ки ба лаби чашмае нишаста, кадуи обкашии худро аз оби чашма пур мекунад:
Ин — на хоб аст ва на хаёл. Ин ҳақиқат аст, ки ба пеши чашми худ дар рӯзи равшан мебинед (С. Айнӣ, Дохунда). Ин ҳам хато мекард. Сангинов ба ин гуна «мароқоваркунӣ»-ҳо эҳтиёҷ надошт (П. Толис, Ҳикояҳо).

г) Ҷонишини ҳама ва ҷонишини нафсии худ ҳам дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада метавонанд: Ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд (С. Улуғзода, Навобод). Ҳама аз ҷо бархоста, дуру дароз чапак заданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Худам мебарам, Ҳоциамак, шумо рафтан гиред, — чамадонро надода гуфт Нуралӣ (С. Улуғзода, Навобод). Не, худам мебардорам, — табассум кард (П. Толис, Ҳикояҳо).

д) Ҷонишинҳои саволии кӣ ва чӣ низ дар ҷумла ба вазифаи мубтадо меоянд: — Кӣ аз дастамон инро гирифта мебарад?
(С. Айнӣ, Куллиёт).

— Дар воқеъ, ҳамон кори шуморо ба амлокдор кӣ хабар дода буд?

— Кӣ хабар медод? Ҳамин оқсаққоли хонасӯхта медиҳаддия (С. Айнӣ, Ғуломон).

Таркибҳои инкории ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ҳам ба вазифаи мубтадо меоянд: Соат ёздаҳ шуд, ҳанӯз ҳеҷ кас наомад (С. Айнӣ, Ятим). Дар деҳаҳо ҳам ҳеҷ кас наменамуд (С. Айнӣ, Ятим).
Гӯё аз деҳқонон ҳеҷ кас ҷуръати пеш аз ҳама баромада чизе гуфтанро надошт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Дар миёнҳафта аз ин ҷо ҳеҷ кас ба шаҳр намеравад, — гуфт Салимбой (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Дар рӯи ҳавлӣ ҳеҷ кас набуд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҳеҷ кас аз ҷой намеҷунбид (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Аз дур ба назарам ҳеҷ чиз наменамуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ифодаи мубтадо ба воситаи сифатҳои феълӣ. Баъзе шаклҳои

пешина
аз 312
навбатӣ