Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

инкори мавҷудияти ягон предмет тасдиқи набудани он аст. Тасдиқи он, ки касе хоб рафтааст, ба инкори он, ки вай бедор нест, баробар мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат инкори инкор ҳам тасдиқ аст.

Маълум аст, ки хабар маркази ташкилкунандаи ҷумла, воҳиди предикативии он, воситаи асосии ахбор ба шумор меравад. Ин аст, ки инкори инкор бештар дар хабарҳои мустақил ва ҷумлаҳои мураккаб, ки ду маркази предикативӣ доранд, мушоҳида мешавад:

Ин воқеаро батафсил нагӯям, намешавад (Раҳим Ҷалил, Маъвои дил). Навое, мақоме нест, ки бо танбӯр навохта нашувад (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Онҳо ҳеҷ дашноме намонд, ки надода бошанд («Садои Шарқ»). То нагирӣ чӯби тар, фармон нагирад гову ҳар (Зарб).

Маълум аст, ки дар ҷумлаҳои саволӣ инкор дар шакли тасдиқ низ ифода мешавад, ки онҳоро инкори саволӣ, пӯшида, рамзӣ ва ғайримуқаррарӣ меноманд. Дар забони тоҷикӣ ҳар ду тарзи инкор — ҳам инкори муқаррарӣ ва ҳам инкори ғайримуқаррарӣ, яъне саволӣ ҳамчун инкори инкор истифода мешаванд. Дар забони адабии тоҷик аксар инкори саволӣ инкори муқаррариро инкор мекунад:

Сурататро чӣ кунам, бо ту набошад сират? То нагиряд духтари ҳалвофурӯш, баҳри бахшоиш кай ояд ба ҷӯш? То ҷон накашӣ, рухи ҷонона куҷост? Он, ки ҳоли худ надонад, чӣ донад ҳоли кас? Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?

Инкори инкор дар хабарҳои таркиби ҷумлаҳои содда низ мушоҳида мешавад. Дар ин гуна ҷумлаҳо ҳам калимаи асосӣ ва ҳам калимаи ёридиҳандаи хабар дар шакли инкор меоянд:

Вале гаштугузори нобарор ӯро ноумед накард (Раҳим Чалил, Маъвои дил). ...вақтамон беҳуда наравад (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Аммо одам бояд ноумед нашавад (Раҳим Ҷалил, Шӯроб). ...ҳеҷ кас маро нотинҷ карда наметавонад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Рӯи мӯйсафед пахтаи кӯҳнаро мемонд, ҳеҷ вақт мисли имрӯза бенур набуд (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом). Аздусарку ягон хонавода беоб намемонад, ҳама об мехӯранд (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом). ...ба онҳо кӣ буданашонро нишон надода намемонад (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом). Ба шодии Сайфиддин шарик нашудан мумкин набуд (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом). Ва ҳол он ки ин гап беҳуда набудааст (Саттор Турсун, Аз субҳ то шом).

Инкори умумӣ ва ҷузъӣ мешавад. Инкори умумӣ ба тамоми ҷумла мансуб буда, хабари ин гуна ҷумлаҳо бештар дар шакли инкор воқеъ мешавад:

Ба ҳеҷ бало гирифтор намешавад (Раҳим Ҷалил, Шӯроб). Падарам имрӯз намераванд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба ин замин пахта коридан мумкин нест (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат). Дар он ҷо касе нест (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

пешина
аз 312
навбатӣ