Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
баъзе нусхаҳои бани-башар! (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои хоси хитобӣ низ мавҷуданд, ки онҳо дар шакли шиору даъват ифода мешаванд:
Зинда бод Революцияи Кабири Социалистии Октябр! Ҳамду сано бод ба зан! — Пионер, барои кори Ленин бош тайёр! — Доимо тайёр! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба ҳукумати коргару деҳқони мо урра! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!
(Лоиқ)
Ҷумлаҳои нидой, ки дар онҳо ҳиссиёту ҳаяҷон ба тарзи махсус ифода мешавад, низ ба гурӯҳи ҷумлаҳои хитобӣ дохил мешаванд:
Вой, падарҷонам, падари меҳнатрӯзиам! (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Охир задӣ ба ҳастии ман пушти пой, вой!
Вой аз сиёҳбахтиам, эй бахт, вой-вой!
(Р. Ҷалил, Шӯроб)
Вой, вой миёнакам!
(С. Айнӣ, Куллиёт)
ИНҚОР ВА ТАРЗИ ИФОДАИ ОН
Ҷумлаҳои инкорӣ аз ҷиҳати ифодаи маъно, мақсаду муносибат ва интонаратсия аз ҷумлаҳои тасдиқӣ тафовут надоранд ва мисли онҳо ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд. Албатта, дар ин ҷо ҳам доираи истифодаи ҷумлаҳои ҳикоягӣ васеъ аст, чунки инкор ба маънои аслиаш асосан хоси ҳамин гурӯҳи ҷумлаҳои содда мебошад. Дар ҷумлаҳои саволӣ, амрӣ ва хитобӣ тарзҳои махсуси инкор низ ба назар мерасад.
Шаклҳои инкор дар ҷумлаҳои амрӣ ва хитобӣ барои ифодаи боздоштани амали субъект, илтимосу хоҳиш, нияту орзу ва ҳиссу ҳаяҷон истифода мешаванд:
Ваъда дода наметавонам (Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Вай ба ин аҳамият надод (Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Асло рӯзи нек набинӣ! (С. Улуғзода, Восеъ). Ба хонааш надаро (Раҳим Ҷалил, Маъвои дил). Гапа дароз накун, бефаҳм (Улуғзода, Восеъ). Магар падараш ҳоло ҳам наомадааст (Раҳим Ҷалил, Ҳикояҳо).
Тасдиқ ва инкор ҳодисаҳои ба ҳам алоқаманд мебошанд.
Аз ҷиҳати маъно ҳар гуна инкор тасдиқи акс аст. Чунончи,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё