Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ифода кунанд, шиддатноктар гуфта шуда, оҳанги хитобӣ мегиранд. Агар ҷумлаҳои амрӣ маънои нияту орзу, маслиҳату навозиш, узр, таклиф ва зориву илтиҷо дошта бошанд, одатан бо оҳанги пасттар талаффуз мешаванд.

ҶУМЛАИ ХИТОБӢ

Дар ҷумлаҳои хитобӣ фикр бо ҳиссиёти баланд ва ҳаяҷон ифода мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат ҷумлаҳои амрӣ, ҳикоятӣ ва саволӣ ҳангоми бо ҳиссиёти баланд ва оҳанги нидову хитоб талаффуз шуданашон ба ҷумлаи хитобӣ табдил меёбанд:

Наравед, гузашта наметавонад, об гирифта мебарад! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бачагонатонро ба мактаб фиристонед! Дар таги қалъа мактаб кушода шуд! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Минбаъд дар ин ҷоҳо ба чашми ман нанамой!
(С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Чӣ қадар роҳҳоро якҷоя тай карданд! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Ҳой гарданшикастаҳо! Ба як ваҷаб қадатон аллакай тамокукаш ҳам шудед?! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Барои бо оҳанги махсус ва пуршиддат ифода кардани ҷумлаҳои содда ва ифодаи тобишҳои гуногуни маънои воситаҳои гуногуни луғавию грамматикӣ истифода мешаванд. Мухотаб, ҳиссачаҳои қувватдиҳанда, калимаҳои модалӣ аз муҳимтарини ин воситаҳо ба шумор мераванд:

Эй ситамдидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид!
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид!
(С. Айнӣ)

Восеъ! Аз тарафи Кангурт сарбози бисёре омада истодааст! (С. Улуғзода, Восеъ). Фуқаро, биҳез, газот бикун! (С. Улуғзода, Восеъ). Алвидоъ, қабри мубораки модарам! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вой, мурдам! (С. Айнӣ, Куллиёт). Вой садқаатон шавам, духтарҷон, ба хона дароед! (Р. Ҷалил, Шӯроб). Хайр, шаҳри азиз! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
О, ин қисса дафъаи гузашта сар шуда буд-ку! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Охир, дар дохили ҳар як фасл аломатҳои фасли дигар ҳаст! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).
Ёрӣ диҳед, илоҳӣ барака ёбед! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Ту ҳам бояд бимирӣ! (С. Улуғзода, Восеъ).

Яке аз воситаҳои ифодаи ҳиссиёту ҳаяҷон ва шиддат гирифтани оҳанги гуфтор инверсия мебошад:

Ҷои мунозира нест ин ҷо! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Э, ба инсофатон қоил ман! (Ф. Муҳаммадиев, Палараи
кунчакӣ). То чӣ андоза ба сирати аҷдодони худ қариб аст тинати

пешина
аз 312
навбатӣ