Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар грамматикаҳои забони тоҷикӣ ду шакли сиғаи амр — шахси дуюми танҳову ҷамъ (рав, равед, раветон) зикр шудааст. Маънои модалии ин ду шакл — шаклҳои ҷамъу танҳои сиғаи амр ба ҳам комилан баробар нест. Шахси дуюми ҷамъи ин сиға аз ҷиҳати шакл ба сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ як аст. Барои ба маънои амр, ё шарт ва ё дигар маъноҳо омадани ин шакли феълӣ сохти ҷумла ёрӣ мерасонад. Масалан, дар ҷумлаи «Аз ин ҷо тезтар равед» маънои амру илтимос, вале дар ҷумлаи «Равед, ҳамаашро мебинед» маънои шарт ифода шудааст.
Ин ҳолат моро водор менамояд, ки шакли шахси сеюми танҳову ҷамъро ҳам, ки маънои амр дораду аз ҷиҳати шакл аз сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ фарқ надорад, ба ҳамин гурӯҳ дохил намоем. Тафовути ин шакл низ дар мавриди истифода ва ифодаи маънои модалӣ мушоҳида мешавад. Ин шакл ҳам мисли шахси дуюми ҷамъи сиғаи амр, ҳам чун сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ меояд ва тобишҳои зиёди маъноиро ифода мекунад. Аммо ба маънои амру илтимос дар таркиби ҷумлаҳои содда низ бе ягон воситаи луғавӣ меояд:
Ба мазор падару модарат равад, душманон синфӣ раванд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳамаашон ба пахтачинӣ раванд. Ҳеҷ кас дар идора наистад (Ю. Акобиров, Замини падарон). Рафиқон, биёетон, ғаллаҳотонро гиретон, дар навбати аввал зарбдорон қатор шаванд (С. Айнӣ, Куллиёт). Падару ақаҳои маро гардонда биёранд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ин шакли феълӣ мисли шахси дуюм гоҳо бо префикси би-меояд:
Майлаш, Зайнаб биравад (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба ошпаз бигӯ, барои инҳо ҳам таом бипазад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Шаклҳои феълии шахси дуюми ҷамъ ва шахсуои сеюми танҳову ҷамъ як хел бошанд ҳам, супориш дар онҳо ба тарзи гуногун воқеъ мегардад. Фармону супориш ба шахси дуюм бевосита, вале ба шахси сеюм бавосита ба амал меояд, воситаи байни шахси якуму сеюм шахси дуюм ба шумор меравад. Ин восита гоҳо номбар шуда, гоҳо номаълум мемонад. Ба вазифаи воситаи супориш гоҳо калимаҳои ҷудогона ва гоҳо сарҷумлаҳои ҷумлаи пайрав омада, супориши дараҷанокро мефаҳмонанд. Ба ин вазифа феъли гуфтан хеле серистеъмол аст.
Ба Бобоғулом гӯй, акнун барои худ ҷои дигар ёбад (С. Айнӣ, Куллиёт). Рафта ба онҳо гӯй, дароянд (С. Айнӣ, Куллиёт). Зуд рав, Ҳасан Эргаш, ба падарат хабар деҳ, бо Сафар амакат ва дигарон зуд оянд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба Эрназари Танбал гӯед, ки ӯ ба тарафи ман ном қадам намонад (С. Айнӣ, Куллиёт). Пошобибӣ ба сухани ӯ бовар накарда, фармуд, ки Истадро ба назди ӯ биёранд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Ҷумлаҳои амрӣ интонацияи махсус доранд. Агар ҷумлаҳои амрӣ фармону супориши қатъӣ, таъкиди матлаб ва даъватро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё