Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

менамоянд. Ба ин маънӣ, ҳатто дар сурати аз исм канда шудан ҳам бо исме муносибат доштани онҳо дар назар дошта мешавад.

Дар дохили ибораҳои исмӣ ташкил ёфтани ибораҳои сифатӣ ба қоидаи ташкили ибора муқобил нест: дар ин ҷо сифат хусусияти тобеъкунӣ нишон дода, бо роҳи тобеъ намудани исм, ҷонишин, зарф ибораҳое месозад, ки муносибатҳои хеле гуногуни маъноиро ифода мекунанд. Дар ин гуна ибораҳо сифат ба исм тааллуқ дошта, калимаҳои дигар ба он тобеъанд. Барои мисол ибораи забонҳои ба вай мафҳум ва боғчаи як вақтҳо хуррамро аз назар мегузаронем. Дар ин ибораҳо асли ибора забонҳои мафҳум, боғчаи хуррам буда, таркибҳои ба вай ва як вақтҳо на ба исм, балки ба сифат тобеанд. Таркиби ба вай сифатро аз ҷиҳати муносибати пуркунандагӣ шарҳ дода бошад, таркиби як вақтҳо бо сифат дар муносибати ҳоли воқеъ шудааст. Вобаста ба ин хусусияти худ ибораҳои ба вай мафҳум, як вақтҳо хуррам ва амсоли онҳо мафҳуми мураккабро ифода намуда, ҳамчун воҳиди номинативии забон дар сохтани ҷумла иштирок мекунанд: Айнӣ... тамоми асарҳои бадеиро, ки аз русӣ ба забонҳои ба вай мафҳум тарҷума мешуданд, бо диққати тамом хондааст (Р. Ҳошим, Айнӣ ва адабиёти рус). Боғчаи як вақтҳо хурраму дилкушои мо ба ҳолате омада буд, ки гумон мекард, даҳҳо сол гузори одамизод наафтидааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ибораҳои сифатӣ ҳам монанди ибораҳои исмӣ ба воситаи бандаки изофӣ, пешояндҳо ва алоқаи ҳамроҳӣ ташкил меёбанд, ки истеъмоли ҳар яки онҳо ба мансубияти ҷузъи тобеъ ба ин ё он ҳиссаи нутқ алоқаманд аст.

  1. Сифат + исм. а) Бо бандаки изофӣ. Бо бандаки изофӣ ба сифат тобеъ шуда ибораи сифатӣ сохтани исмҳо ниҳоят каммаҳсул аст. Онро мо, асосан, ба гурӯҳи ибораҳои мушобеҳи пури об мебинем, ки аз ибораҳои сифатии бо пешоянди аз суратёфта синоним доранд: пур аз об. Дар ин қабил ибораҳо, сарфи назар аз тарзи ташкили онҳо (бо изофат ё пешоянд), муносибати пуркунандагӣ ифода меёбад, ки дорои тобиши маъноии дарун, дохил мебошад: аломате, ки бо сифати аслӣ ифода ёфтааст, бо ишорат ба предмете, ки ин аломат ба он тааллуқ дорад, пурра ва аниқ карда мешавад. Масалан, муқоиса кунед: кӯзаи об, кӯзаи пури об, кӯзаи аз об пур:

б) Ба воситаи пешояндҳо. Ибораҳои сифатие, ки ба воситаи пешоянд ташкил меёбанд, миқдоран бештар буда, пешояндҳои зеринро дар бар мегиранд:

Пешоянди аз дар сохтани ибораҳои сифатӣ серистеъмол аст. Ибораҳое, ки ба воситаи он сурат меёбанд, муносибатҳои пуркунандагӣ, сабабӣ, қиёсӣ, масоҳатӣ, замонӣ, маҳрумиятро ифода мекунанд.

Қисми зиёди ин ибораҳо муносибати сабабиро ифода менамоянд: аломате, ки ба воситаи сифати аслӣ ифода шудааст,

пешина
аз 312
навбатӣ