Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
омадагиро чунин тағйир додан мумкин аст: одами нав омадагӣ, одами нав аз Москва омадагӣ, одами нав аз Москва барои лекцияҳои омадагӣ, одами нав аз Москва даҳрӯза барои лекцияҳои ба Душанбе омадагӣ ва амсоли инҳо. Дар ҳамаи ин ибораҳо сифати феълӣ ҷузъҳои нав ба навро ба худ тобеъ карда бошад ҳам, аммо асли муносибати тобеии вай бо исми одам ҳамеша барқарор аст. Бе ин исм ҳамчун ҷузъи тобеъкунандаи калимаҳои дигар барҳам мехӯрад.
Ҳиссаҳои нав ба навро тобеъ намуда, шаклан тафсил ёфтани сифати феълӣ мувофиқи қоидаи ибораҳои феълӣ ба амал меояд. Бинобар ин масъалаи мазкур одатан дар ҳамин фасл — фасли ибораҳои феълӣ омӯхта мешавад.
Як хусусияти ҷолиби диққат дар ибораҳои исму сифати феълӣ аз он иборат аст, ки сифатҳои феҳлии дорои ҷузъҳои тобеъ бо талаби ихтисори сухан ба ихтисор ва мӯъҷаз шудан майл намуда, барои ба вуҷуд омадани ибораҳои номии содда ё мураккаби на чандон тафсилӣ имконият фароҳам овардаанд. Чунончӣ, шахси ҷомаи дарози озода дар тан — аз шахси дар тан ҷомаи дарози озода пӯшидагӣ, селоби хонахаробкун — аз селоби хонахаробкунанда, хаёлоти пешиоинагӣ — аз хаёлоти дар пеши оина буда, кордчаи қаламтарош, — аз кордчаи қалам тарошанда, одами ҷогардор — аз одами ҷогар доштагӣ, ҷӯраҳои гапхӯр — аз ҷӯраҳои гапхӯранда, одами кор — аз одами коркунанда;
Як шахси носиноси... ҷомаи дарози озода дар тан берун омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз санглоҳҳо ва наҳрҳои кӯҳӣ селоби хонахаробкун бо тундии боду тезии тир меомад (С. Айнӣ, Куллиёт). Мададгори оҳангаронии мо ба ман як кордчаи қаламтарош... бахшид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар паҳлуи ӯ... як одами ғафси ҷогардор нишаста буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба хона даромадани Истам зани хурдиро аз хаёлоти пешиоинагӣ боздошт (С. Айнӣ, Ятим). Дар меҳмонхона... ҷӯраҳои гапхӯр ҷамъ шуда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман дар он зиёфат фаҳмидам, ки Горький чӣ гуна одами кор ва маҷлисоро будааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Исм + масдар. Танҳо бо бандаки изофӣ сурат меёбанд: сабаби омадан, боиси афтидан, қасди газидан, муддати хондан, тақозои баргаштан.
ИБОРАҲОИ СИФАТӢ
Ибораҳои сифатӣ дар забони тоҷикӣ нисбат ба ибораҳои исмӣ ва феълӣ каммаҳсултаранд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар он аст, ки худи сифат табиатан хусусияти тобеъшавӣ дошта, ҳамеша ба исм тобеъ шуда меояд. Аз ин нуқтаи назар ибораҳои сифатӣ чун қоидаи маъмул дар дохили ибораҳои номӣ сурат ёфта, маҳз дар ҳамин ҷо хосияти тобеъкунии худро зоҳир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё