Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

месозанд, ки муносибати қиёсиро бо тобиши муайянкунандагӣ ифода мекунанд: монанди Рустам паҳлавонон, рӯи чун моҳ, мисли Камол шоирон. Ҳиссаи асосии ибора ғоҳо бо артикли -е низ воқеъ мегардад. Дар ин ҳол хусусияти номуайянии исм равшан зоҳир шуда, таркиби пешоянди чигунагии онро таъин менамояд: чӯбдасте монанди ҳалқачӯб, давлатманде чун Куфарн, ҷавонмарде чун Виркан: Ҳайф аст, ки ҷавонмарде чун Виркан кушта шавад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

в) Баъзе исмҳо, хусусан исмҳои хос бо исмҳои ҷинс, бо таркиби пешоянди ба номи ва пасоянди номи бо ҳам пайванд мегарданд. Аз инҳо таркиби ба номи ҳам пеш аз ҷузъи тобеъ ва ҳам пас аз он баробар истеъмол мешавад. Дар ин бора муқаддима гӯён як маҷмӯа бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кардаӣ шуда, ҷамъ ва тартибашро ба фақир ҳавола намуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъд аз он Абӯалӣ дар луғат ба номи «Лисон-ул-араб» як китоби 19 ҷилдӣ таълиф кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Пасоянди номи бошад, ҳамеша пас аз ҷузъи тобеъ, дар байни ҳар ду ҷузъ воқеъ мегардад: Дуюм ин, ки дар наздикиҳои Панҷоб «Рӯдак» ном деҳае нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба ман Серёжа ном писари шаробпази дуюми завод бисёр маъқул буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

  1. Исм + шумора. Ин гурӯҳи ибораҳои исмӣ нисбат ба ду гурӯҳи боло маҳдудтар буда, ба изофа ва алоқаи ҳамроҳӣ сурат меёбад.

а) Ба воситаи бандаки изофии и: соати даҳ, рақами се, асри бист, синфи даҳ, лампаи даҳум, синфи панҷум, лампочкаи яксаду бистум, соли ҳафтум; б) Бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ; панҷ мард, даҳ дафтар, шаш-ҳафт маротиба, чорьяк аср, бист нафар талаба, як даста гул ва м. ин. Аз шумораҳои тартибӣ шуморае, ки бо суффикси -умин (-юмин) сохта шудааст, бо исм ҳам бо бандаки изофӣ ва ҳам ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ омада метавонад: Соли дуюмин аст, ки мо мехонем... Вай дар дуюмин соли таҳсилаш хатнавис шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

  1. Исм + ҷонишин: а) Ба воситаи бандаки изофӣ: китоби ман, шеърхонии шумо, забони вай, дӯстдории онҳо.

б) Ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ: ҳама гап, ҳама сол, ҳамин мактаб, он китоб ва м. ин.

  1. Исм + сифати феълӣ. Сифатҳои феълӣ бо ҳар се замон ба исм тобеъ шуда, ибораҳои исмӣ месозанд: Дар рангу рӯяш осори тарсидагӣ набуд (С. Айнӣ, Аҳмади Девбанд). Ғуоб амак як чойник оби нӯшиданӣ овард (С. Улуғзода, Навобод). Ревахшиён, ки дар маҳрака... гӯштигирии писарашро бо дили тапон назора карда буд, ба андеша рафт (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).

Азбаски сифатҳои феълӣ хусусияти феълӣ доранд, дар дохили ибораҳои исмӣ ба худ ҳиссаҳои тобеъ қабул намуда, шакллан тафсил меёбанд. Аз ин нуқтаи назар ибораи соддаи одами

пешина
аз 312
навбатӣ