Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар ду шакл — ҳам бо изофат ва ҳам бе ин сурат ёфтани ибораҳо имконнопазир мебошад. Масалан: бештарини иштироккунандагон — бештарин иштироккунандагон. Айни ҳамин ходисаро дар ибораҳои феълӣ ҳам дидан мумкин аст: мактаб рафтан — ба мактаб рафтан. Ё гирем пасоянди «ро»-ро, ки ғайр аз вазифаи асосии худ — ташкили пуркунандаи бевоситаи суратъёфта — ба вазифаи пешоянд ва бандаки изофӣ омада, дар сохтани ибораҳои феълӣ ва номӣ хизмат мекунад: маро ҳикоят кардан: Маро рӯзе ҳикоят кард бобо (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб); маро мӯи сар: ...фармуд, ки маро даррав мӯи сар тарошонанд ва либоси тоза пӯшонанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Табиист, ки ибораҳои гурӯҳи мазкур ва ба онҳо монандро аз рӯи шакли ифода — бандаки изофӣ, пасоянд ва пешояндҳо, инчунин алоқаи ҳамроҳӣ ба гурӯҳҳо тақсим намудан такрори бемаврид ва дар таснифот мубҳами ба миён меорад. Ҳол он ки аз рӯи калимаи тобеъкунандаи ибора ба гурӯҳҳо ҷудо намудан ин нуқсонро рафъ намуда, бо таълимоти ибора, ки дар он ба ҳам пайвандшавии калимаҳо ҳамчун воҳиди номинативӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, комилан мувофиқ меояд.

Пас, вобаста ба калимаи асосӣ ва тобеъкунанда ба хелҳо тақсим намудани ибора ягона назарияи дуруст аст. Аз ин нуқтаи назар ибораҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд.

ИБОРАҲОИ ИСМӢ

Дар забони мо доираи бо исм пайванд шуда, ибора сохтани ҳиссаҳои мустақили нутқ хеле васеъ аст. Вай аз ҳама бештар бо сифатҳо пайванд мегардад. Зотан сифат ҳам барои он ба вуҷуд омадааст, ки хосият ва аломати предметҳоро тавзеҳ намояд. Аз ин нуқтаи назар сифат ҳамеша тобеи исм буда, дар ибораи исмӣ, ҳамчун ҷузъи тобеъ, аломат ва хосиятеро нишон медиҳад, ки ҷузъи асосии ибора — исм дорои он аст: ҳавои соф, барги сабз, баҳори дилфиреб, холи сиёҳ ва ғ. Дар забони тоҷикӣ ибораҳои номие, ки бо роҳи алоқаманд гаштани исм бо исм сурат меёбанд, низ зиёда истифода мешаванд.

Дар сурати ҷузъи тобеъ шуда омадани исмҳо ифодаи муносибати муайянкунандагии ибора васеътар гашта, вай ба замми аломати предмет чандин муносибатҳои дигари грамматикӣ, аз ҷумла муносибати замонӣ (абри баҳор), маконӣ (саёҳати Москва), муносибати субъектӣ (омӯзиши Қодир), муносибати объектӣ (тағйири ақида), муносибати ҷузъ ба кулл (донаҳои ашк) ва амсоли инҳоро низ ифода мекунад.

Дар ҳамаи ин мисолҳо ҷузъҳои тобеъ хусусияти исми худро нигоҳ доштаанд. Ҷиҳати атрибутивӣ бошанд, аз моҳияти дохилии алоқаи изофӣ ба амал омадааст, ки дар он як калима бинобар доро будан ба хосияти муайяншавӣ, молик

34

пешина
аз 312
навбатӣ