Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам ба тарафи боғ майл намуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Темур...
дар ин қасру боғҳо машғули кайфу сафо мегардид (Р. Ҳошим, Ҳайкали бузурги назм).
Дар ибораҳои номие, ки исми тобеъкунандаи онҳо аз ҷиҳати пайдоиш бо ибораҳои феълӣ алоқаманд аст, ду тарзи ифода дида мешавад.
а) Исмҳо, мисли он ки дар ибораҳои номист, бо унсурҳои тобеъкунандаи худ танҳо бо бандаки изофӣ пайванд мешаванд, яъне пешоянд ва пасояндҳо, ки хоси ибораҳои феълианд, дигар кор фармуда намешаванд: ба Ҳиндустон сафар кардан — сафари Ҳиндустон, мамлакатро тарк кардан — тарки мамлакат ва ғ.
б) Баъзе аз чунин исмҳо дар баробари бандаки изофӣ пешояндҳо низ доранд: ошхӯрии аз хона, ҷанги бо ғайримусулмонҳо: Қорӣ-Исмат... ҳиммат ва ғайраташро бо ошхӯрии аз хонаи қарздорон ва ҳуҷранишинамаш сарф кард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ...дар вақти ҷанги бо ғайримусулмонон асир афтода буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Аён аст, ки ибораи ошхӯрии аз хонаи қарздорон дар ҷумлаи якум аз рӯи таърихи пайдоиш бо ибораи феълии аз хонаи қарздорон ош хӯрдан алоқа дорад. Азбаски феъли таркибии ибораи феълӣ — ош хӯрдан дар ибораи номӣ ба ҳам муттаҳид шуда, исми амал сохтааст, объекти ибораи феълӣ ҳам бидуни тағйири шакл — яъне бо пешоянди худ боз ба ҳамон исм нигаронида шудааст. Исми ибораи номӣ бошад, дар шароити нави алоқа, аз рӯи табиати ибораи номӣ талаб кардааст, ки калимаҳои ба он тобеъшаванда бо ёрии асоситарин воситаи ташкилкунандаи ибораҳои номӣ — бандаки изофӣ сурат ёбанд.
Дар мисоли дуюм ҳам айни ҳамин ҳодиса дида мешавад:
ҷанги бо ғайримусулмонон — бо ғайримусулмонҳо ҷанг кардан.
Аз ин параллелҳои синтаксисӣ ҳоло навъи дуюм беш аз пеш ранги умумӣ гирифта истодааст.

ХЕЛҲОИ ИБОРА

Тақсими ибора ба гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки калимаи асосӣ, тобеъкунандаи он ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад. Тарзи пайвандшавӣ ва ифодаи муносибатҳои синтаксисии ҷузъҳои ибора, ки аз зарурати тафсир ёфтани калимаи асосӣ ба миён меояд, дар муайян кардани хелҳои ибора чун омилҳои иловагӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, аз рӯи шакл, яъне воситаҳои грамматикӣ, тасниф намудани ибораҳо чандон ба матлаб мувофиқ нест.
Ин иддаоро дар асоси чунин далелҳои оддӣ собит намудан мумкин аст. Дар забони тоҷикӣ, инчунин дар забони форсӣ ҳам, дар ибораҳои номии исмӣ сифат ҳодисаҳое ҳастанд, ки

пешина
аз 312
навбатӣ