Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

будан ба сифат ва аломате, шарҳу тафсири калимаи дигар — калимаи муайянкунандаро талаб кардааст. Масалан, дар ибораи абри баҳор калимаи баҳор, ки исми замон мебошад, барои ифодаи муносибати замонӣ хизмат кардааст, яъне вай ҷузъи тобеъкунандаи худро аз ҷиҳати замон муайян намудааст. Ё ки дар ибораи фишори мустамликадорон калимаи мустамликадорон субъекти амалро ифода намояд ҳам, мавҷудияти муносибати атрибутивӣ-муайянкунандагии байни ҷузъҳо равшан намоён аст: амал ба мустамликадорон мансуб мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки дар ибораҳои гурӯҳи мазкур баробари ҷиҳати муайянкунандагӣ ҷиҳатҳои ҳолӣ ва фоилӣ-субъективии онҳо низ маънидод карда мешавад.

Ғайр аз ин шумора, ҷонишин, сифати феълӣ, масдар низ ба исм тобеъ шуда, ибораи исмӣ месозанд.

Ибораҳои исмӣ аз ҷиҳати истифодаи воситаҳои грамматикӣ ҳам мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамоянд. Аммо кор фармуда шудани онҳо дар ҳамаи ибораҳои исмӣ як хел нест. Масалан, агар дар ибораҳои исм + сифат танҳо бандаки изофӣ ва алоқаи ҳамроҳӣ ба кор бурда шавад (либоси тобистонӣ, дурӯза хӯрок), пас, дар ибораҳои исм + исм ҳам бандаки изофӣ (соати тилло, оби чашм), ҳам пешоянд (корнамоӣ дар киштӣ, вохӯрӣ бо артистон), ҳам пасоянд (Фирӯза барин занҳо, Собирро хоб) истеъмол меёбад. Аз рӯи ҳамаи ин гуфтаҳо ибораҳои исмӣ чӣ аз рӯи ҷузъҳои тобеъ ва чӣ аз ҷиҳати воситаҳои ифодаи муносибатҳои синтаксисӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Исм + сифат. а) Бо бандаки изофӣ: гули сурх, муҳаббати фарҳодӣ, оби соф, ҷӯраи ҷоноҷон, бели оҳанин, косаи мисин, коғази равғанин, сари афлотунӣ, столи хатнависӣ, чашмҳои бодомӣ, даҳлези ҳафтболор, маҷлиси дӯстона, маҷлиси ғайрирасмӣ, зинаи чандинпоғундадор, суханҳои марворидмонанд, хабари даҳшатасар, ҳаяҷони тӯфонмонанд, ҳазлҳои намакин.

Дар ибораи исмӣ сифатҳои дараҷаи олӣ пеш аз исм омада бошанд, бо ҷузъи тобеъкунандаи худ ҳам бо бандаки изофӣ ва ҳам бе он пайванд мешаванд: Замони Саъдӣ яке аз пурошӯбтарини ва серфоҷиатарини замонҳои гузашта аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Яке аз бузургтарин, пуркувваттарин ва дарозумртарини ин гуна ҳукуматҳо ҳукумати Сомониён буд (С. Айнӣ, Кул-лиёт). Боғи мо яке аз ободтарин ва хуррамтарин боғҳои он маҳал буд (С. Улуғзода, Ҷавонии мо).

Исм гоҳо бо аломати «е» воқеъ мешавад, ки дар ин ҳол сифати тобеъ бевосита баъди он меояд. Ин ҳодиса баръакси анъана дар забони имрӯзаи адабӣ камтар дучор мешавад: Абуалӣ бо ҳолате бадтар аз марг... худро ба Абевард расонд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба умеди чизе хӯрдани ёфтан пештар рафт (С. Айнӣ, Ятим). Ӯ ба даште дуртар аз қаравулхона гови худро ба чаро бурда буд (С. Айнӣ, Ятим). Аз шавҳари якумаш писаре ба ман баробар дошт (С. Улуғзода, Ҷавонии ҷавонӣ

пешина
аз 312
навбатӣ