Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

он ба ҳамқишлоқён гаронӣ карда, дар ғоибиаш ӯро Барорти Гов меномидагӣ шуданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

  1. Яке аз ҳиссаҳо бо ҳар ду ҳиссаи дигар як хел муносибати маъноиву грамматикӣ дошта метавонад. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин ҳиссаи сеюм бо ду ҳиссаи аввал дар муносибати: а) сабабу натиҷа ва б) хилофи воқеъ гардидааст:

а) — Мо сер бошем, — гуфт Кушот, — ту ҳам сер мешавӣ, мо гурусна монем, ту ҳам гурусна мемонӣ, дуо кун, ки давлат аз мо рӯй нагардонад (С. Айнӣ, Куллиёт); б) Либос ба бадан чип-чилп мечаспад, борон аз сатил мереҳтагӣ барин мезанад, аммо шариқҳо чунон кор мекарданд, ки аз куртаҳояшон бухор мебаромад (Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаҳои мураккаби омехтае низ ҳастанд, ки ҷумлаи пайрави ягонаи он ба ҳамаи ҷумлаҳои баробарҳуқуқ як хел мансуб буда, онҳоро як хел эзоҳ медиҳад. Ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқ дар байни худ муносибатҳои гуногуни маъноӣ ва грамматикӣ дошта, ба ҳам бо интонация ва пайвандакҳои пайвасткунанда алоқаманд мешаванд:

Акнун, ки Қосимҷон набуд, на тағоям ба сархорӣ вақт дошт, на ман (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Аммо ҳар гоҳ агар ба зиёрати Ҳоҷиумар имконият пайдо шавад, Нуралӣ... шитоб мекунад, ба изтироб меафтад, роҳ ба назараш бисёр дур ва Шабранг ҳам сустрафтор менамояд (С. Улуғзода, Навобод).

Ҷумлаҳои мураккаби омехтае ҳастанд, ки дар онҳо ҳам сарҷумла ва ҳам ҷумлаи пайрав чида шуда меоянд:

Азбаски ин деҳа дар наздикии дарёи Зарафшон воқеъ шудааст ва аз байни деҳа ҳам ба номи Мазрангон як ҷӯи калон мегузарад, сероб ва обод буда, бештарини ҳавлиҳояш рӯйдаричадор, чорбоғнок ва пурмева аст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Зал каме ба ҷунбиш омад ва нидоҳои паст шунида шуд, зеро ки овозаи як шудани се ҷамоаи Сари Қамиш ва ба раисӣ интихоб шудани Ҳошим-Корвон ном сардори звено дар район паҳн шуда буд ва бештарини иштироккунандагони слёт ҳоло ӯро намешинохтанд (С. Улуғзода, Навобод).

НУТҚИ АЙНАН ВА МАЗМУНАН НАҚЛШУДА

Гӯянда ё нависанда дар гуфтори худ гоҳо фикр ва суханони шахсони дигарро меоварад, ки он дар грамматика суханони бегона, ё дурусттараш, нақл номида мешавад.

Гӯянда на танҳо гуфтаи шахсони дигар, балки фикрҳои аз мавриди сухан пеш гуфтаи худро ҳам нақл карда метавонад. Роҳҳои дар гуфтори худ овардани суханони шахсони дигар зиёд аст. Дар ин ҷо танҳо дар бораи ду хели он — нутки айнан ва мазмунан нақлшуда сухан меравад.

пешина
аз 312
навбатӣ