Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
нафари боқимондаашон, ки тарсида буданд, дароз кашиданд... (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Ҷумлаҳои мураккаби омехтае ҳам ҳастанд, ки ҳар се ҳиссаи онҳо дар шакли ҷумлаи мураккаби тобеъ меояд. Чунончи, дар мисоли зерин ҳар се ҳиссаи ҷумлаи мураккаб дар шакли тобеъ омада, сарҷумлаи ҳар яке онҳоро ҷумлаи пайрави шарт эзоҳ медиҳад. Азбаски хабари сарҷумлаҳо якхела мебошанд, танҳо хабари сарҷумлаи охирин зикр ёфтааст:
Агар амирон бо он кӯбача як садо мебароварданд, пешхизмат ду садо мебароварданд, маҳрам се садо мебароварданд, дарбор медаромад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта ҳар қадар зиёдтар шавад, муносибати грамматикӣ ва маъноии байни онҳо ҳамон қадар гуногуну мураккабтар мегардад. Чунончи, агар дар байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта, ки аз ду ҳисса иборатанд, танҳо як муносибат — ҳамзамонӣ ё ки пайҳамзамонӣ, хилофӣ ё ки ҷудой, сабабу натиҷа дида шавад, дар байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта, ки аз се ҳисса иборатанд, ин муносибат метавонад якхела ва ё гуногун бошад. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби омехта ҳиссаи дуюм метавонад ҳам бо ҳиссаи якум ва ҳам бо ҳиссаи сеюм як хел муносибат дошта бошад.
- Ҳиссаи дуюм ҳам бо ҷумлаи якум ва ҳам бо ҷумлаи сеюм муносибати замонӣ дорад:
а) ҳамзамонӣ: Дар берун аз гӯшти се сар гӯсфанде, ки дар пеши пои Мавлон худи Комилҷӯтур сар зада буд, дар деҳҳо тез-тез «ғилмонҳо» тайёр мекарданд, ғайр аз ин дар як деги калони маърака чарқув ва дар дигар дег зирбаки палав билиқ-билиқ ҷӯшида меистод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид);
б) пайҳамзамонӣ: Аз дуздон яке нохост ба Салимбой дарафтода, ӯро ба замин ғелонида, ба сари синааш нишасту ба гулӯяш корд гузошт, дигаре буду бори ӯро афшоянда гирифту ҳар ду, чи тавре ки ногаҳон пайдо шуда буданд, ногаҳон ҳам ғайб заданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
-
Ҳиссаи дуюм ҳам ба ҳиссаи якум хилоф асту ҳам ба ҳиссаи сеюм:
Шумо ҳамон шаб ӯҳдадориатонро якбора ба 70 центнер баровардед, ман бовар карда ҳам будам, аммо баъд шунидам, ки шумо ба гапатон истодаед (С. Улуғзода, Навобод). -
Ҳиссаи дуюм бо яке аз ҳиссаҳо дар муносибати замонӣ, вале бо дигаре дар муносибати хилофӣ мебошад:
Нуралӣ Шабрангро ба пирамард таклиф кард, ки савор шуда равад, Ҳоҷиумар қабул накард, он гоҳ Нуралӣ аспро етак карда бо ҳамроҳии ӯ пиёда равон шуд (С. Улуғзода, Навобод). -
Ҳиссаи дуюм бо яке аз ҳиссаҳо дар муносибати хилофӣ, вале бо дигаре дар муносибати сабаб-натиҷа мебошад:
Аҳли қишлоқ, ки ба ҷуръату зӯрии вай қоил шудаанд, аввал ба ӯ лақаби говкушро медиҳанд, аммо рафта-рафта талаффузи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо