Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

худ ҷумлаи пайрави шарт эзоҳ медиҳад, муносибати ҷудоӣ на бо ёрии пайвандакҳои ҷудоӣ, балки ба туфайли ҳамин ҷумлаҳои пайрави шарт ба амал меояд:
Агар онҳо ёфт шаванд, мо ҳам халос мешавем, агар онҳоро ягон раҳгузар гирифта бурда бошад, мо соати охирини умри худро гузаронида истодем гуфтан гиретон (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби омехтае, ки ҳиссаҳои онҳо аз дуто зиёд бошанд, кам нестанд. Миқдори ҳиссаҳои ҷумлаи омехта ба адади ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқи он вобаста аст. Дар ҷумлаи мураккаби омехта ҳар қадар ҷумлаи баробарҳуқуқ бошад, ҳамон қадар ҳисса шуда метавонад. Ҳиссаҳои ин навъи ҷумлаи мураккаби омехта ҳам дар ду шакл: содда ва ё тобеъ воқеъ мешаванд. Инро дар мисоли ҷумлаи мураккаби омехтаи сеҳиссадор равшан дидан мумкин аст:

Дар ин вақт се кас аз даруни ҳавлӣ дартоз баромад, аммо ду нафари онҳо бо се тире, ки аз пеши дарвоза ба якборагӣ андохта шуданд, ғалтиданд ва як нафари онҳо пас гашта гурехта ба ҳавлии дарун даромада рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Тирезаҳои ҳар ду хона торик буд, лекин дар даҳлез чироғ месӯхт, Шодӣ аз ҳавои хунук ба даҳлези гарм даромада, дарҳол ҳис кард, ки дар ин оила дасти ғамхор ва рӯзгордоре соҳибӣ мекунад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҳиссаҳои ин навъи ҷумлаи мураккаби омехта низ дар ду шакл: содда ва тобеъ воқеъ мешаванд. Ин аст, ки онҳо дар таркиби ҷумлаи мураккаби омехта ба тариқи гуногун меоянд.

  1. Яке аз ҳиссаҳо ҷумлаи мураккаби тобеъ буда, ду ҳиссаи дигар дар шакли ҷумлаи содда воқеъ мегарданд:

Рег монанди оби истодае, ки дар шамол лаппиш хӯрад, лаппида-лаппида, оҳиста-оҳиста пеш меомад ва қабатҳои рӯи рег лаппиш хӯрда ба канори рӯд мешориданд ва қабатҳои зерин лаппида аз дунболи онҳо ба ҳаракат медаромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо сабзавотро лалмӣ мекиштанд, дар он гуна ҷоҳо борон чӣ қадар зиёдтар борад, ҳамон қадар беҳтар аст, барои онҳо ҳатто дар тобистон ҳам борон даркор мешудааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Ҷумлаҳои мураккаби омехтаи сеҳиссагие ҳастанд, ки ду ҳиссаи онҳо дар шакли ҷумлаи мураккаби тобеъ омадааст.
    Дар ин гуна мавридҳо метавонад ду ҳиссаи аввал, ду ҳиссаи охир ва як ҳиссаи аввалу як ҳиссаи охири ҷумлаи мураккаби омехта дар шакли ҷумлаи мураккаби тобеъ ояд:

...дар барам курта-лозимии сафеди суф буд ва аз рӯи вай
ҷомае пӯшида будам, ки гулҳои порча-порча дошт ва дар сарам каллапӯши нав буд, ки модарам гулдӯзӣ карда буд (С. Айнӣ,
Ёддоштҳо). Инҳо, вақте ки ба дами роҳрав расиданд, яктой милтиқ холӣ карда, хостанд, аз роҳрав бароянд, аммо ду
нафари инҳо бо тирҳои аз роҳрав баромада ғалтиданд ва ду

пешина
аз 312
навбатӣ