Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

пайрави муайянкунанда меояд, ки ин ба хусусияти хоси он вобаста мебошад:

Мошинае, ки дӯсти маро мебурд, аз назар ғоиб шуд, вале овози ӯ ҳанӯз дар гӯшони мо садо медод (Ҷ. Икромӣ, Асарҳои мунтахаб).

  1. Ҷумлаи содда ба тамоми ҷумлаи мураккаби тобеъ тааллуқ дошта, дар сурат гирифтани муносибати ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта ҳар се ҷумла ҳам иштирок менамоянд:

Боз як-ду сухани хуши тағоям ва панду насиҳати мӯйсафедон деҳқонбачаро бовар кунонд, ки савоб аз пул дида авлотар аст ва ӯ ҳамаи бодирингашро баркашида дод (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаи мураккаби омехта, ки аз ду ҳисса иборат буда, ҳар ду ҳиссааш ҳам мураккаби тобеъ мебошад, низ аз қолибҳои маъмули ҷумлаҳои сертаркиб ба шумори меравад:

Бародаронаш беҳтар шуда бошанд ҳам, озодона ба по хеста гашта наметавонистанд, аломати беҳтарини аҳволи онҳо дар ин буд, ки кам-кам чиз мехӯрданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар вақте ки Эргаш барои роҳ кушодан ба худ бо дами дос дастаҳои хори дар лаби кӯра бударо ба тараф мекашид, дастаи хоре гелида ба даруни кӯра афтод ва гӯсфандон, гӯё ки гург худро ба болои онҳо партофта бошад, сахт рамида аз ҷойҳошон ҷаста хеста патарросзанон ба тарафи дигари кӯра гурехтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик дар ин ва ё он ҳиссаи ҷумлаи мураккаби омехта ҳамаи навъҳои ҷумлаи пайрав омада метавонад, ки таснифоти пурраи ҳамаи онҳо ҳоҷат надорад.

Ҷумлаҳои мураккаби омехтае низ ҳастанд, ки ҳар ду ҳиссаи онҳоро ҷумлаҳои пайрави якхела эзоҳ медиҳанд:

Албатта, дар ин дафтар порчаҳо ҳам буданд, ки ба «Наво- дир-ул-вақоеъ» дароварда нашуда буданд ва инчунин чизҳое ҳам буданд, ки баъд аз тамом шудани таълифи ин китоб на- вишта шуда буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳар ду ҳам нағз ҳис мекарданд, ки хомӯширо барҳам додан зарур аст, аммо ҳеҷ кадоми онҳо ҷуръат намекард, ки аввалин шуда лаб во кунад (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Муносибати қисмҳои ҷумлаи мураккаби омехта, ки ҳар ду ҳиссааш ҳам мураккаби тобеъ мебошад, асосан мисли муноси- бати ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта аст, ки як ҳиссааш му- раккаби тобеъ ва ҳиссаи дигараш ҷумлаи содда мебошад, ки намунаи онҳоро дар фасли гузашта дидем. Аммо дар ин гу- рӯҳи ҷумлаҳои мураккаби омехта тарзи махсуси ифодаи муно- сибати ҷудой низ дида мешавад. Маълум аст, ки муносибати ҷудой дар байни ҷумлаҳо маҳз ба туфайли пайвандакҳои чу- дой ба амал меоянд, вале дар ҷумлаҳои мураккаби омехтае, ки аз ду ҳисса иборат буда, ҳар кадоми онҳо дар навбати

пешина
аз 312
навбатӣ