Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мураккаби омехта, ки дар шакли тобеъ воқеъ мегардад, ҳамаи ҷумлаҳои пайрав тобеъ шуда меоянд:

Қамбарбобо омада истодааст, аз давида омаданаш маълум мешавад, ки бо худ ягон хабари хуш меорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай ба касе сир намедод, вале мақсади омаданаш ин буд, ки аҳволи моро фаҳмида гирад (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Ба ман аҳён-аҳён бозидани ролҳои бачагонаро месупурданд, аммо аксари вақт кори ман аз ҳамин иборат мешуд, ки характери кӯдаконро омӯзам («Садои Шарқ»). Борони майда меборид, шамоле, ки аз дара мевазид, ба гӯш нолаи шағолонро мерасонд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Командир аз паи кори худ рафт ва бисёр дер накашида Ҷавод, дар ҳолате ки дар дасташ дафтар, қалам ва сиёҳидон буд, ба пеши Сафаргулом омад ва ба ӯ нигоҳ кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо ҳамон шаб омадем, ӯ мисли он ки моро бори аввал медида бошад, ба мо ҳайрон-ҳайрон нигоҳ мекард (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки ҳиссаи дуюмаш содда буда, ҳиссаи якуми он дар шакли ҷумлаи мураккаби тобеъ меояд. Дар ин қолиб ҳам дар таркиби ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаби омехта ҳамаи ҷумлаҳои пайрав омада метавонанд:

Бинобар ин ба ман лозим буд, ки ба ҳаминҳо тӯй карда диҳам, хешовандон ва ошноҳои сохтарегиам бошанд, ба ҳамин ҷо меоянд ва омаданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Сабаби бисёр шудани ҳосил ин буд, ки ҳама коллективона, аз як гиребон сар бароварда кор мекарданд, ӯ бошад инро фаҳмида наметавонист (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Вақте ки шумо барин ҷавонтар будам, ба шумо барин насиҳатчӣ вонахӯрда будам, набошад дар ин пиронсолагиам хеле ақлам даромада мемонд (С. Улуғзода, Навобод). Вай ки худаш танҳо зиндагӣ мекард, Гавҳарро фарзанди худаш барин дӯст медошт ва Гавҳар ҳам ӯро ба ҷои бобои худ медонист (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки дар бораи баъзе хусусиятҳояшон маълумот дода шуд, аз ду ҳисса иборат буда, яке мураккаби тобеъ ва дигаре содда мебошад. Дар муносибати ҳиссаҳои ин гуна ҷумлаҳои мураккаби омехта баъзе хусусиятҳои ҷолиби диққат мушоҳида мешавад. Ин хусусиятҳо дар он зоҳир мегардад, ки ҷумлаи соддаи ҳиссаи ҷумлаи мураккаби омехта ба тамоми ҳиссаи тобеи он тааллуқ дорад, ё ки ба яке аз ҳиссаҳои он. Вақте ки ҷумлаи мураккаби омехта аз ин нуктаи назар дида шуда, ҳолатҳои гуногун мушоҳида гардид.

  1. Ҷумлаи содда бо сарҷумлаи ҷумлаи мураккаби тобеъ дар муносибатҳои гуногуни грамматикӣ воқеъ мегардад. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби омехта будан ва ё набудани ҷумлаи пайрав барои воқеъ гардидани муносибати маъноӣ ва грамматикии ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқ роҳ намебозад. Дар таркиби ин гуна ҷумлаҳои мураккаби омехта ҳар гуна ҷумлаҳои пайрав воқеъ мегардад, аммо аз ҳама зиёдтар ҷумлаи
пешина
аз 312
навбатӣ