Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

пайрави чидаи дараҷаи дуюм ҷумлаҳои пайрави дараҷаи сеюм низ тобеъ шуда метавонанд:

Сабза ва себаргаҳое, ки мо онҳоро ҳамқади ин оби нозукхиром шумурдем, аз вазиши бод ва равиши об ҷунбиши бисёр нозук пайдо карда гоҳе ба таги об ва гоҳе бар рӯи он бозӣ мекарданд, ба тарзе ки бинанда гумон мекард: об болои сабза ва себарга, сабза ва себарга болои об ғел мезаданд, ё ҳукм мекард, ки сабзаю себарга барои бӯсидани рӯи об ва об барои шустушӯ кардани сару рӯи сабзаю себарга дар ҷавлон аст (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Ба сарҷумла ҷумлаҳои пайрави чида тобеъ мешаванд, ки онҳо ва ё қисме аз онҳоро ҷумлаҳои пайрави ғайричида, ки дар айни замон дараҷаи дуюм ба шумор мераванд, эзоҳ медиҳанд:

Тадбир ин аст, ки ман имшаб сари худро гирифта аз ин диёр меравам, ту то як ҳафта ин розро пинҳон дор ва ба ҳар касе ки маро бипурсад, «сахт бемор аст» гӯй! (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Ҷумлаи пайрави дараҷаи якумро ҷумлаҳои пайрави ғайричидае эзоҳ медиҳанд, ки ба яке аз онҳо ҷумлаҳои пайрави чида тобеъ шудаанд, ки дар айни замон ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюм ба шумор мераванд:

Мегуфтанд, ки амаки Чӯрабой, ки марди боору боғурур буд, сахт хафа шуда гуфтааст, ки домодам ба рӯи ман туф кард, ман ба ҳамин нигоҳ карда, кор мекунам (Р. Амонов, Косагул).

ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ОМЕХТА

Ҷумлаи мураккаби омехта аз дигар ҷумлаҳои мураккаб бо он хусусияти худ фарқ мекунад, ки дар он ҷумлаҳои содда бо ду восита алоқаманд мешаванд: ҳам бо роҳи пайваст ва ҳам бо роҳи тобеъ. Дар ҷумлаҳои омехта бар хилофи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави чида бо роҳи пайваст ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқ ба ҳам алоқаманд мешаванд, бо роҳи тобеъ бошад, ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла тобеъ мешаванд. Дар зери истилоҳи сарҷумла ҷумлаи тобеъкунанда фаҳмида мешавад, хоҳ вай дар навбати худ ба дигар ҷумла тобеъ бошад, хоҳ не, аммо мафҳуми ҷумлаи соддаи баробарҳуқуқ танҳо ҷумлаеро ифода мекунад, ки ба ягон ҷумла тобеъ нест, вале вай метавонад бо дигар ҷумлаҳо дар муносибатҳои гуногуни алоқаи пайвастӣ бошад ва ё дигар ҷумлаҳоро ба худ тобеъ намуда, чун сарҷумла воқеъ гардад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам, хоҳ сарҷумла бошад, хоҳ не, онро барои осонтар шудани тарзи ифода шартан ҷумлаи соддаи баробарҳуқуқ меномем.

Ҷумлаи мураккаби омехта, ки як ҳиссааш ҷумлаи содда буда, ҳиссаи дигараш ҷумлаи мураккаби тобеъ мешавад, аз қолибҳои серистеъмол ба шумор меравад. Ба ҳиссаи дуюми ҷумлан

пешина
аз 312
навбатӣ