Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аз забони худ хат медиҳад, хизматонаи ноиб ва мӯҳронаи қозиро ҳам аз Одина меситонад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ғайричида ва дараҷа ҷумлаҳои пайрави ғайричидаро ҷумлаҳои пайрави дараҷаи дуюм эзоҳ медиҳанд.
- Дар ин таркиби синтаксисӣ сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави ғайричида эзоҳ медиҳанд ва ба яке аз ҷумлаҳои пайрави ғайричида ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюм тобеъ мешавад. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин ҷумлаҳои пайрави пеш аз сарҷумла дар шакли дараҷа воқеъ шудаанд:
Чун агент мебинад, ки ҷанг мешавад, маҷбур мешавад, ки озод кардани маҳбусонро аз амир талаб кунад (С. Айнӣ, Куллиёт). Вақте ки калон ва сардори дувдон миршаб бошад, ки онҳоро кор мефармояд, калон ва сардори ҷаллодон амир мешавад, ки онҳоро кор фармуда истодааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ҷумлаи зерин ҷумлаҳои пайрави пас аз сарҷумла ба тарзи дараҷа воқеъ шудаанд: Азбаски Адолат се рӯзи охир дуруст таом намехӯрд, амаки Ҷамолбек фармуда буд, ки ба вай наботҷой диҳанд, то ки аз гуруснагӣ беҳол нашавад (Ю. Акобиров, Замини падарон).
- Ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа, ки яке аз ҷумлаҳои пайрави онро ҷумлаҳои пайрави ғайричида эзоҳ медиҳанд. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин ҷумлаи пайрави дараҷаи якумро ҷумлаҳои пайрави а) хилофу шарт, б) макону сабаб, в) шаргу сабаб эзоҳ медиҳанд:
а) Гуфта мешуд, ки ҳарчанд онҳо сазовори ҳар гуна ҷазоянд, лекин агар таслим шаванд, Ҳокимияти шӯроӣ аз гуноҳашон мегузарад ва имконияти ҳаёти осудаҳолонаро фароҳам меоварад (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).
б) Хоҳишмандам, ки дар ҳар ҷо бошед, маро ёд кунед, зеро ки ман ҳамеша бо ёди шумо мегардам (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур).
в) Ба илова, шояд чунин мулоҳиза ҳам мекард, ки агар вай ҳозир ба Восеъ итобу сиёсат кунад, мардум таҳнааш хоҳанд зад, ки ҳокими золим аввал гуноҳи фалониро бахшиду сонӣ барои як даҳон арзи вай ба зиндонаш андохт (С. Улуғзода, Восеъ).
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави чида, ғайричида ва дараҷа дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб қолиби мураккабтарин ба шумор меравад. Дар ин қолиб ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла ва ба якдигар ба тарзи ҳам чида, ҳам ғайричида ва ҳам дараҷа тобеъ мешаванд. Қолибҳои ин навъи ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб хеле зиёд буда, ҳоло мо танҳо чанде аз онҳоро аз назар мегузаронем.
- Ба сарҷумла ҷумлаҳои пайрави ғайричидае тобеъ мешаванд, ки яке аз онҳоро ҷумлаҳои пайрави чида эзоҳ медиҳанд ва дар айни замон дараҷаи дуюм ба шумор мераванд. Ба ҷумлаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо