Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷумлаҳои пайрави чидаи шарт бар изоҳи ҷумлаи пайрави дараҷаи якум омадаанд. Ин қолиб дар забони адабии тоҷик серистеъмол мебошад, дар он қариб ҳамаи ҷумлаҳои пайрав ҳамчун ҷумлаи пайрави дараҷаҳои якуми дуюм воқеъ мешаванд:

Агар Восеъ хабар медод, ки деҳаро сели азиме пахш кард ё оташе дар он афтод, ошӯбу ҳаяҷони мардум аз ин зиёдтар намешуд (С. Улуғзода, Восеъ). Фирӯза зуд ҷавоб надод, зеро ки худаш дуруст намедонист ва фақат ҳис мекард, ки имрӯзҳо дар чека аз ҳарвақта дида кор бисёртар шудагӣ, дар шаҳр чӣ як нотинҷӣ, чӣ як бесаранҷомие ҳаст (С. Икромӣ, Тахти вожгун). Додоҷон бо ин хаёлҳо роҳ мепаймуд, ки аз пас аробаи чорчарха расида омад, ки ба он ду аспи пурзӯр баста шуда буд ва онҳоро як ҷавони колхозчӣ бемалол идора карда меомад (С. Икромӣ, Зоғҳои бадмур).

  1. Ҷумлаҳои пайрави дараҷаи якум чида буда, яке аз онҳо, чандтоашон ва ё ҳамаи ҷумлаҳои чидаро ҷумлаҳои пайрави дараҷаи дуюм изоҳ медиҳанд:

Ман баъд аз ба пой хестан аз беморӣ фарроширо тарк кардам, чунки аз як тараф, баъд аз ин бемории сахт ба он кори зӯр қувватам намерасид, аз тарафи дигар, дардам бисёртар ва зӯртар шуда буд, ки кори фаррошӣ ба ҳозир кардан ва аз худ кардани онҳо монеъ мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар ин мисол сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб изоҳ медиҳанд, ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюм натиҷаи ҷумлаи пайрави сабаби чидаи дуюм мебошад.

Ҷумлаҳои мураккабе ҳастанд, ки дар онҳо ҳамаи ҷумлаҳои пайрави чидаи дараҷаи якумро ҷумлаҳои пайрави дараҷаи дуюм изоҳ медиҳанд:

Агар донам, ки ҷангалзор ҷои сайргоҳи туст,
Агар донам, ки ҳусни беша аз лутфи нигоҳи туст,
Агар донам, ки наҳли сабз дар пушту паноҳи туст,
Зиёратгоҳ мекардам даруни бешазоронро.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

  1. Ҷумлаҳои пайрави ҳар ду дараҷа ҳам ба тарзи чида воқеъ мешаванд:

Ман газетаҳоеро мехонам, ки дар хоки Россия бо рухсати цензураи Россия чоп мешаванд ва онҳоро почтаи Россия оварда ба хонандагон мерасонад, ки қаҳорҳо одам мехонад ва дар қатори онҳо ман ҳам мехонам (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар бораи кори Одина чунин қарор доданд, ки пагоҳӣ Одинаро ба пеши масҷид меоранд, ноиби қозӣ бандӣ карданашро амр фармуда, ӯро метарсонад, сони калоншавандагон миёнаравӣ карда корро ба ин тариқа сулҳ мекунанд, ки Одина то тамоми шудани «ҳаққӣ» Арбоб Камол ба ӯ хизмат карданро ба гардан гирифта

пешина
аз 312
навбатӣ