Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ва эҳтимол дар ҳайрат ҳам монда бошанд, ки дар сурате ки ин хел одамони оқилу ботадбир ҳастанд, чаро амир ба сифати элчии давлат чунин як шахси нодони аз сиёсат дурро интихоб намудааст (Р. Ҳодизода, Аҳмади Дониш).
ҚОЛИБҲОИ ГУНОГУНИ ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕИ СЕРТАРКИБ
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби тобеъ низ ҳастанд, ки дар онҳо ду ва ё ҳар се қолиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар як таркиби синтаксисӣ меоянд, яъне дар як ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаҳои пайрав ба тарзи чидаву ғайричида, чидаву дараҷа, ғайричидаву дараҷа, чида, ғайричида ва дараҷа воқеъ мегарданд.
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави чида ва ғайричида навъҳои зиёде доранд. Қолиби машҳуру маъмули онҳо ин аст, ки яке аз ҷумлаи пайрав ба тарзи чида, вале ҷумлаҳои пайрави дигар ба тарзи ғайричида меояд:
Арбоб Камол, ки дар муддати панҷоҳсола айёми зиндагии худ чандин нафар монанди Одина бечорагони бекасу кӯро бо фириб ва найранг ба доми хизматгории худ кашида буд ва бисёртарини онҳо ҳам оқибати кор бо гурехтан аз ин доми бало худро халос карда буданд, ба зудӣ ба ҳақиқати ҳол пай бурда донист, ки Одина гурехтааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Чун гирифторони ситам бисёр ва зулмдидагон бешуморанд, имрӯз набошад, фардо бархоста касонеро, ки моро ба ин рӯз андохтаанд, маҳв ва нобуд хоҳанд кард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави чида ва дараҷа низ навъҳои зиёд доранд. Дар он ҷумлаҳои дараҷаи якумро ҷумлаҳои пайрави чида, яке аз ҷумлаҳои пайрави чида, ё чанде аз онҳо ва ё ҳамаи ҷумлаҳои пайрави чидаро як ё якчанд ҷумлаи пайрави дигар эзоҳ медиҳанд; ғайр аз ин ҳам ҷумлаҳои пайрави дараҷаи якум ва ҳам ҷумлаҳои пайрави дараҷаи дуюм ба тарзи чида омада метавонанд ва ниҳоят, ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҳамагӣ ба як сарҷумла тобеъ шуда меоянд.
- Ҷумлаи пайрави дараҷаи якумро ҷумлаҳои пайрави чидаи дараҷаи дуюм эзоҳ медиҳанд:
Вай, аз афташ, аз хаёл мегузаронид, ки агар русҳо ба ягон навъи шаробашон Кутузов ном медоданд, агар арманиҳо беҳтаран коньякашонро Довуди Сосунӣ меномиданд, ё тоҷикон номи Муқаннаъ, ё Темурмалик, ё Восеъро ба шароби ангурӣ медоданд, мардум, ҳатто ҳаводорони бодаву май, оташин мешуданд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
Ин ҷумлаи мураккаби тобеъ аз панҷ ҷумлаи содда иборат мебошад, ки аз онҳо якумӣ — Вай, аз афташ, аз хаёл мегузаронид сарҷумла буда, ҷумлаи пайрави пуркунанда — мардум, ҳатто, ҳаводорони бодаву май оташин мешуданд онро эзоҳ медиҳад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо