Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

пайрави дараҷаи якум ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюмро тобеъ намудаанд:

  1. Вақте ки ман ба он пир, ки бо дасти чапаш хат менавишт, бо ҳайрат чашм дӯхта истода будам, ӯ қаламашро ба яхдон пок карда, дар гӯшаи саллаи худ аз пеши гӯшаш халонда монда ва саҳифаи китобатиашро бар рӯи болиш гузошт ба ман нигоҳ кард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). 2) Агар ба дастаи шумо, ки ба кӯҳистон рафтанист, даромаданро хоҳам, қабул мекунанд? (С. Айнӣ, Куллиёт). 3) Одина ҳарчанд қувват ва ҳавсалаи он надошт, ки аз сӯрох ба кӯча нигоҳ кунад, лекин аз ҷояш нимхез шуда ба болиш такя карда нишаста буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

ПАЙВАНДАКҲО ДАР ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ
ТОБЕЪ БО ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ДАРАҶА

Воситаҳои алоқаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави дараҷа аз ҷумлаҳои мураккаби дутаркиба фарқ надоранд. Аммо азбаски дар ин навъи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаҳои пайрав паси ҳам ё ки яке андар дигаре воқеъ мешаванд, дар истифодаи пайвандакҳо баъзе махсусиятҳо мушоҳида мешавад. Яке аз он хусусиятҳо ин аст, ки гоҳо ду пайвандаки тобеъкунанда дар як ҷо воқеъ мегарданд. Ин ҳодиса вақте ба амал меояд, ки ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюм пеш аз ҷумлаи пайрави дараҷаи якум омада бошад. Масалан, дар ҷумлаи мураккаби зерин сарҷумлаи асосӣ дар аввал омадааст, ҷумлаи пайрави пуркунанда пас аз он омада, ба воситаи пайвандаки «ки» ба вай тобеъ шудааст, ҷумлаи пайрави шарт бошад, ба ҷумлаи пайрави пуркунанда бо пайвандаки «агар» тобеъ шуда, пеш аз он омадааст. Азбаски пайвандаки «ки» дар аввали ҷумлаи пайрави пас аз сарҷумла ва пайвандаки «агар» дар аввали ҷумлаи пайрави пеш аз сарҷумла — ҷумлаи пайрави пуркунанда омадааст, ин ду пайвандак ногузир дар як ҷо воқеъ шудаанд:

Лекин ӯ ба хубӣ медонист, ки агар инро бурдани шавад, худаш аз ин дараи «Тангниҳон» ҷон ба саломат бурда наметавонад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Пайвандакҳои ҷумлаи пайрави дараҷаи якум, ки пас аз сарҷумла ва пайвандакҳои ҷумлаи пайрави дараҷаи дуюм, ки пеш аз сарҷумла омадаанд, аксар, ҳамин тарз воқеъ мегарданд. Азбаски «ки» пайвандаки серистеъмол буда, бештар пас аз сарҷумла меояд, бо пайвандакҳои дигар, алалхусус бо пайвандакҳои агар, чун, вақте ки, азбаски, модом ки, агарчи, бе он ки, дар сурате ки, барои он ки дар як ҷо бештар меояд.

Мисолҳо:

Карим фикр кард, ки агар Мирак ба Тошканд рафта, дуруст хонад, дар байни се-чор сол одами даркорӣ ва давлатӣ шуда баргаштанаш мумкин (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).

пешина
аз 312
навбатӣ