Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳо аз Душанбе ба пеш ҳаракат намекунанд (Ҷ. Икромӣ, Таҳти вожгун).

Ҷумлаи пайрави сабаб — дараҷаи якум: Ба ғайр аз вай ҳоло ҳеҷ кас бо ин роҳ намеояд, зеро ин ягона роҳест, ки аз байни кӯҳу кӯтал гузашта ба қишлоқи Гулистон меравад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҷумлаи пайрави сабаб — дараҷаи дуюм: Вагони моро ба канор бароварда монданд ва моро лозим буд, ки шабро дар вагон гузаронем, зеро ки аввали пагоҳ мебоист намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ — меҳмондорони мо расида меомаданд (Ҷ. Икромӣ, Ҳикоя ва очеркҳо).

Ҷумлаи пайрави мақсад — дараҷаи якум: Имсол ман туро барои таҷриба фиристода будам, ки донам, чӣ қадар ҳарҷи барзиёд лозим аст (С. Айний, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави мақсад — дараҷаи дуюм: Аз ту мепурсам, ки ягон кор кун, то ки ба ман ягон пули чой рӯяд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави шарт — дараҷаи дуюм: Дар вақти бозгашта рафтанаш зиндонбон гуфтааст, ки агар ба ҳар омаданат барои ман як коса равғани зард хизматона наорӣ, ба дидани писарат роҳ нахоҳам дод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави хилоф — дараҷаи якум: Янгаам ба ман хӯрок ҳам надод, гарчанде медонист, ки ман аз пагоҳ боз ҳеҷ чиз нахӯрдаам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаи пайрави хилоф — дараҷаи дуюм: Як клуби боҳашамати дуошёна дорад, ки рӯзи дароз тамошо кунед ҳам, аз диданаш сер намешавед (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаи пайрави натиҷа — дараҷаи якум: Ин кӯрнамак имрӯз рамаро ба сари худ гузошта ба хоб рафтааст, ё ба бозӣ саргарм шудааст, ки ин гӯсфанди шишак дар ҷарӣ ғалтида ба ин ҳол, ки мебинед, омадааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави натиҷа — дараҷаи дуюм: Маълум мешавад, ки ман занҷир кардани дари таҳхонаро фаромӯш карда будаам, ки гурба даромада аз тор ду порча гӯштро фуроварда, як парчаашро гирифта гурехта будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои пайрави дараҷа пеш аз сарҷумла низ меоянд. Пеш аз сарҷумла воқеъ гардидани ҷумлаҳои пайрав нисбатан маҳдуд буда, ин ҳолат асосан ба туфайли ҷумлаҳои пайрави миқдору дараҷа, тарзи амал, замон, сабаб, мақсад, шарт ва хилоф имконпазир мегардад, чунки онҳо имконият доранд, ки пеш аз сарҷумла омада, дигар ҷумлаҳои пайравро ба худ тобеъ намоянд.

Дар ин таркиби синтаксисӣ ду ва зиёда ҷумлаҳои пайрав омада метавонад, ки вобаста ба мавқеашон ҷумлаи пайрави дараҷаи якум, дараҷаи дуюм, дараҷаи сеюм ва ғайра ном мегиранд. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин ҷумлаҳои пайрави 1) замон, 2) шарт ва 3) хилоф пеш аз сарҷумла омада, ҳамчун ҷумлаи

пешина
аз 312
навбатӣ