Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

муттаҳамиро намедонанд ва ба якдигарашон бовар мекунанд (С. Улуғзода, Восеъ).

Ҷумлаи пайрави пуркунанда — дараҷаи якум: Дуруст гуфта буд боре худаш, ки табиати ӯ мисли нахлест, ки ба он аз чанд навъи ниҳол пайванд гузаронидаанд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ)...

Ҷумлаи пайрави пуркунанда — дараҷаи дуюм: Падарам низ ба рафтани ман розӣ нашуд, зеро медонист, ки ин корҳоро бе ман анҷом додан мушкил аст («Садои Шарқ»).

Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа — дараҷаи якум: Шунидани саргузашти Шариф ба Одина хеле таъсир гузошта буд, ба андозаи ки қариб буд фоҷиаҳои худро аз хотир бароварад ё мусибатҳоеро, ки то имрӯз ба сараш афтодааст, нисбат ба фалокатҳои Шарифи гирифторомада ҳеҷ ангорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин сухани падарам маро чунон азоб дод, ки агар сад химча мезад, ин қадар азоб намекашидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаҳои пайрави миқдору дараҷа — дараҷаи дуюм: Онҳо ба Дадоҷон мефаҳмонданд, ки пахтаро ҳар қадар хушк карда чинед, ҳамон қадар беҳтар аст (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Он ҳезумкаш ҳанӯз сухани худро тамом накарда буд, ки бо даҳшати аз одат берун ҳаво гулдуррос зад, ба дараҷае ки гӯйё аз тамоми биёбон тупҳои бисёре ба якборагӣ ва пасу пеш холӣ шуда бошанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави тарзи амал — дараҷаи якум: Ҳиндуҳо... халтаи хатҷӯбро дар бағал чунон ҷой мекарданд, ки қисми номи қарздор навишташуди чӯбҳо аз бағал берун ва намоён шуда меистод, то ки қарзхоҳ дар вақти вохӯрданаш ба қарздор хатчӯби ӯро ба осонӣ ёфта барорад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави тарзи амал — дараҷаи дуюм: Дар ин автомобил сафаркунанда боварӣ ҳосил карда метавонад, ки бе дарди саре ба манзили мақсад рафта мерасад ва боз бе он ки дар роҳ дармонад, ба хона бармегардад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҷумлаи пайрави монандӣ — дараҷаи якум: Падар сукут карда меистод, мисли он ки бори вазнине, ки касе бардошта натавонад, ба дӯшаш афтода бошад (С. Турсун, Сукути қуллаҳо).

Ҷумлаи пайрави монандӣ — дараҷаи дуюм: Ман метарсам, ки ин даҳаншириниҳоро, чунон ки нону мавизи шумо дар гулуи ман монд, моён дуруст фурӯ бурда натавонем (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави замон — дараҷаи якум: Баъди ба сафар рафтани амирзода амалдор ба пулчинӣ иқдом намуда буд, ки гиждувониҳо гурру писи худро сар карданд, зеро аз он пештар андозҳои давлатиро базӯр адо карда, «дастмояҳошон ба галтак баромада» монда буд (С. Улуғзода, Восеъ).

Ҷумлаи пайрави замон — дараҷаи дуюм: Бо супориши худи Анварпошо дӯсти бухороии ман менависад, ки то лашкари Асад маҳсум зада рафта ба лашкари Анварпошо ҳамроҳ нашавад,

пешина
аз 312
навбатӣ