Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ки Оқчурин барин одам саҳв мекунад ва намедонад, ки саҳв кардааст (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).
Ҷумлаҳои пайрави сабаби дараҷа: Ба бобоям ин таклиф мақбул афтодааст, чунки бо вуҷуди ҳунарманд будан дар Соктаре аз касби дуредгарии худ дуруст фоида бурда наметавонист, зеро дар он ҷо ҳатто аз хешовандони худаш ҳам якчанд нафар дуредгарони ҳунарманд буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳои пайрави мақсади дараҷа: Бинобар ин шумоёнро дарди сар дода, чег зада овардам, ки миёнаравӣ кунетон, то ки он кас оҷизаамро ба канизӣ (ба занӣ) қабул кунанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Он гоҳ ин ҳолатро дида, Муборакқадам ариза дод, ки ӯро ба сари аскарони ихтиёрии Исфара гузаронанд, ки вай ҷазои Ҳасанқӯрбоширо диҳад (Т. Усмон, Муборакқадам).
Ҷумлаҳои пайрави дараҷа бештар пас аз сарҷумла воқеъ мегарданд. Дар ин қолиби синтаксисӣ ҷумлаҳои пайрав зиёдтар омада метавонанд. Дар забони адабии тоҷик бо ду ҷумлаи пайрав омадани ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайравҳои дараҷа басо маъмул аст. Дар ин қолиби синтаксисӣ ҳамаи ҷумлаҳои пайрав ҳамчун ҷумлаи пайрави дараҷаи якум ва дуюм омада метавонанд.
Ҷумлаи пайрави мубтадо — дараҷаи якум: Аз тарзи гуфтори Зардодхон аён буд, ки ӯ гап мезаду дар айни замон аз картотекаи кардиограммаҳо, ки дар ҷевони сербари ба катакчаҳои бешуморе тақсимшуда ҷой гирифта буд ва дар мобайни кабинет воқеъ гашта, онро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекард, чизеро мекофт (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Он беҳ, ки сабру бардоштро пеша намой, ҷоку пораҳои либоси маро дӯзӣ ва маро бо дили сафед ва синаи пурумед фотиҳа диҳӣ, ки дар ин сафар аз хатарҳо эмин монам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави мубтадо — дараҷаи дуюм: Аз пайдоиши ногаҳонии ӯ ҳайрон нашуданд, зеро ба дарбонҳо амр шуда буд, ки ҳар гоҳ қосид биёяд, фавран ба назди тӯра дарорандаш (С. Улуғзода, Восеъ).
Ҷумлаи пайрави хабар — дараҷаи якум: Хубиаш ҳамин буд, ки гарданаи теппае, ки дар паси он пастхамӣ буд, ҳаракати ҷанговарони Сафоевро аз чашми касони дар деҳа буда панаҳ мекард (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша).
Ҷумлаи пайрави хабар — дараҷаи дуюм: Падараш гуфтанд, ки сабаби наомадани ӯ ин аст, ки мағлуб шудани худро пешакӣ ҳис кардааст («Садои Шарқ»).
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда — дараҷаи якум: Зимистон бо ташкилоти хизмати аҳолӣ шартнома бастанд, ки воиш бардошта диҳад, то ин ки ҳавозаи толоршакли яклухти хушрӯе сохта шавад (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда — дараҷаи дуюм: Дарвоқеъ, бой аз куҷо медонист, ки Восеъ дар кӯҳистон, дар байни одамони соддаи дилсофе калон шудааст, ки дуздӣ, қаллобӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо