Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дода буд, расонида дуо гирифт ва боз аз дунболи рама расида ба роҳи худ давом кард (С. Айнӣ, Куллиёт);

хилоф, муайянкунанда, натиҷа: Ин ҷавон ба гуфтушунид қодир бошад ҳам, ба сабаби фоҷиае, ки ногаҳонӣ дучор шудааст, хеле бемадор шуда буд, ки қуввати аз ҷо ҷунбидан надошт (С. Айнӣ, Куллиёт);

хилоф, муайянкунанда, мақсад: ... агарчи ин иморатро дари даромад-баромади бисёр бошад ҳам, шумо аз дари пешгоҳ, яъне аз даре, ки ба мунтаҳои бино воқеъ шудааст, даро-ед, то ки ин корҳоро аз як сар бояду шояд тамошо карда тавонед! (С. Айнӣ, Куллиёт);

хилоф, шарт, сабаб: Агарчи барои ин кор ҳама чиз тайёр аст, — гуфт ҳоким, — ба фаҳми ман ин корро то шаб мавқуф монед, беҳтар аст, зеро рӯзҳои газо рӯзона дар як саҳро ба пеши чашми ғозиён ин гуна базм кардан он қадар хуб намешудагист (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕҲ БО ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ДАРАҶА

Дар ин қолиби синтаксисӣ ҷумлаҳо ба ҳамдигар асосан пай дар пай тобеъ шуда меоянд ва ғайр аз ҷумлаи аввалин, ки вазифаи сарҷумла ва ҷумлаи охирин, ки вазифаи ҷумлаи пайравро иҷро менамояд, дигар ҳамаи ҷумлаҳо ду вазифа доранд: нисбат ба ҷумлаи пешина ҷумлаи пайрав буда, нисбат ба ҷумлаи баъдина сарҷумла ба шумор меравад.

Ҷумлаҳои мураккаби тобеҳ бо ҷумлаҳои пайрави дараҷа низ ду хел мешаванд: ҷумлаҳои мураккаби тобеҳ бо ҷумлаҳои пайрави якхела ва ҳархела.

Ҷумлаҳои мураккаби тобеҳ бо ҷумлаҳои пайрави якхелаи дараҷа чунинанд, ки дар онҳо ҷумлаҳои пайрави якхела бар эзоҳи якдигар меоянд, яъне ҳамаи ҷумлаҳои пайрави дараҷа ба як хели ҷумлаи пайрав мансуб буда, яке бар эзоҳи дигаре омадааст. Дар ин қолиб бештар ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, пуркунанда, сабаб ва мақсад истифода мешаванд.

Ҷумлаҳои пайрави муайянкунандаи дараҷа: Беҳтарин муншӣ ва мактубнавис ҳамон кас ҳисоб меёфт, ки муддадоеро, ки бо як ҷумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду саҳифа бо калимаҳои қофиядор печонад (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ин қалъача онҳо меҳмони як пирамарди тоҷик шуданд, ки вай то саҳар ба қирғиз чои фомилии талх тайёр карда дода ба забони ӯзбекии тоҷикиомехта аз замон, аз одамони он, аз роҳгузароне, ки мехӯранду менӯшанду кам ҳақ медиҳанд, шикоятҳо мекард ва баъзе гузаштагонро ба некӣ ёд менамуд (Р. Чалил, Шӯроб).

Ҷумлаҳои пайрави пуркунандаи дараҷа: Ман ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки, дӯстонам, донед, ки ман рафиқи содиқи шумо ҳастам (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур). ... вай ҳеҷ гумон надошт,

пешина
аз 312
навбатӣ