Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
канда бошам ҳам, дар он миён воқеае рӯй дод, ки барои Бухоро рафта хонданам имкон пайдо шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Миқдори ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ғайричида бо қолибҳои мазкур маҳдуд намешавад, қолибҳои дигар низ ҳастанд, вале қолибҳои мазкур маъмул ва серистеъмол ба шумор мераванд.
Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки бо ду ҷумлаи пайрав омадани ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ғайричида, ки аз назар гузаронидем, қолиби асосӣ ба шумор меравад. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб омадани се ва зиёда ҷумлаҳои пайрави ғайричида низ мумкин аст. Истифодаи се ва зиёда ҷумлаҳои пайрав бештар ба ҷумлаҳои мураккабе хос аст, ки дар онҳо ҷумлаҳои пайрави якхелаи ғайричида бар изоҳи аъзоҳои чидаи сарҷумла меоянд. Дар ин қолиб ҷумлаи пайрави муайянкунанда басо серистеъмол мебошад. Дар ин гуна ҷумлаҳо миқдори ҷумлаҳои пайравро бо ягон адад маҳдуд кардан мумкин нест. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин бар изоҳи аъзоҳои чидаи сарҷумла ҷумлаҳои пайрави зиёде омадаанд:
-
се ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Риши калони сафедтобаш, ки чун як банд алафи гулкардаи хушкида ба сари синааш овезон аст, дастори бузургаш, ки монанди гунбази мадрасаи Мири Араб аз дур намоён аст, ҷомаи шайтонтеригии сафеди васеи дарозаш, ки барҳояш заминрӯбон аст, яке аз шайхҳои бузург будани ӯро гуфта меистанд... (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
чор ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Аммо дар дасту пойҳо, ки як шаби дароз бо чилбури пашмибузӣ баста шуда буданд, дар зонуҳое, ки онҳоро қат карда дар хами онҳо калтак гузаронида монда буданд, дар танаҳое, ки дар ҳавои сарди барфдор дар миёнаи чиркобҳо ях баста монда буданд, дар сарҳо, ки бо зарбаи қундоқи милтиқ кафида буданд, мадори ҳаракат кардан ҳеҷ намонда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
шаш ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Дар ҷои онҳо акнун ҷӯйҳое, ки ҷадвалвор кашида шудаанд, заминҳое, ки бо раҷҷа тақсим ёфтаанд, пахтазорҳое, ки қатор карда кишта шудаанд, қитъаҳое, ки бо трактор ронда шудаанд, бедҳо ва сафедорҳое, ки дар он биёбони бесояи пештара дар лаби ҷӯйҳо қатор шинонда шудаанд, ва бешаҳои навсабзи саксавул, ки барои нигоҳдории пеши роҳи реги равон онҳоро сабзондаанд, менамуданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Миқдори ҷумлаҳои пайрави гуногун, ки бар изоҳи сарҷумлаву аъзоҳои он омадаанд, низ аз дуто зиёд шуда метавонад, вале ҳодисаи дар ин қолиб омадани чор ва панҷ ҷумлаи пайрав басо кам дида мешавад. Чунончи, бар изоҳи сарҷумла ва аъзоҳои он се ҷумлаи пайрави гуногун омадааст:
сабаб, муайянкунанда, хилоф: Бозор, ки аз паи муроду мақсади бисьёре мегашт, аз пеши ин бемори барҷомонда бепарво нагузашт, агарчи панҷ дақиқа аз дунболи рама пас монда бошад ҳам, ин роҳафтодаро бардошта ба пеши даре, ки вай нишон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо