Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

НУТҚИ АЙНАН НАҚЛШУДА

Гуфтаҳои шахси дигар бе тағйирот оварда шавад, нутқи айнан нақлшуда номида мешавад:

Сафар аз рӯи ҳавлӣ ба тарафи меҳмонхона рӯ оварда гуфт: «Акои Олим, ҷои ин хоин меҳмонхонаи дигар аст, ҳушёр бошед, ки нагурезад» (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Аз пеши дари меҳмонхона овози касе баланд шуд: «Улфатов ягон кас зуд духтурро чеғ занад, ки аз даҳону бинии меҳмон хун бисёр рехта истодааст» (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Дар нутқи айнан нақлшуда на танҳо мазмуни суханони каси дигар, балки хусусиятҳои луғавӣ, грамматикӣ ва услубии он низ айнан нигоҳ дошта мешавад, ҳатто муаллиф бо ифодаҳои бо овози баланд, бо хурсандӣ, бо оҳанги ҳазин, бо овози форам ва ғайра кӯшиш мекунад, ки тарзи баён ва оҳанги суханони нақлшавандаро айнан ифода кунад.

Нутқи айнан нақлшуда аз ҷиҳати синтаксисӣ ҳам мустақилияти худро нигоҳ медорад ва ҳамроҳ шудани суханони муаллиф хусусияти грамматикии вайро дигар намекунад. Як хусусияти дигари нутқи айнан нақлшуда аз он иборат аст, ки вай дар ҷумла аз суханони муаллиф бо интонацияи аслии худ ҷудо шуда меистад. Суханони муаллиф, одатан, аз ҷумлаи дутаркиба (хабари феълӣ ва мубтадо) иборат буда, хабар (феъл) воқеияти нуткро ва мубтадо шахси гӯяндаро мефаҳмонад.

СУХАНОНИ ШАРҲДИҲАНДАИ МУАЛЛИФ
БА ИН ТАРЗ ОМАДА МЕТАВОНАНД:

а) Пеш аз нутқи айнан нақлшуда

Командир ба отряд нигоҳ карда, ба ишорат фармон дод: «Боло баромадан гиретон» (С. Айнӣ, Ғуломон). Одил саркор хандиду нимҷиддию нимшӯхӣ гуфт: «Чӣ, мехоҳӣ, ки акнун котиби райком ҳам ҳар вақт, ки ба колхоз омаданӣ шавад, бояд пешакӣ ба ту хабар диҳад?» (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

б) Баъди нутқи айнан нақлшуда:

«Онҳо бояд одамони безарар бошанд, вагарна бой онҳоро ба хонааш роҳ намедод, бо вуҷуди ин онҳоро аз даҳлез баровард» — гуфт девонбегӣ бо як оҳанги узрхоҳона (С. Айнӣ, Ғуломон). «Ҳа, ба чӣ механдӣ?» — пурсид Акои Олим ҷиддӣ ба Саркор нигоҳ карда (Ф. Ниёзӣ, Вафо). «Дар ҳамин ҷо ҳам муғамбирии ширингиро кор фармудед-а, ака Носир!» — гуфт Сафар Ғулом табассукунон (С. Айнӣ, Ғуломон).

в) Дар байни нутқи айнан нақлшуда:

«Мебахшед,— гуфт Сафар Ғулом бо оҳанги узрхоҳона,— ба шумо гуфтани як қисми маълумотеро, ки ин бача ба ман ра-

пешина
аз 312