Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷумлаи пайрави хилоф: ... бо вуҷуди он ки ӯ ба ман мӯҳтоҷ буд, ҳоло ҳам рӯфтани хонаашро ба ман мефармуд, гӯё ки ҳоло ҳам хизматгори бародараш бошам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави натиҷа: Фарзанд, чунон ки пораи санге дар кон ба зардӣ расида зар мегардад, ба мардӣ мерасад, камол ва ҷамол пайдо мекунад, ки ҷӯяндагон дидорашро меҷӯянд ва гӯяндагон васфашро мегӯянд (С. Улуғзода, Достонҳои «Шоҳнома»).

  1. Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави замон эзоҳ медиҳанд:
    Акаи вай, вақте ки бобо каландро ба ҳаво мебардошт, ба ҳаво, вақте ки онро поён мефаровард, ба поён ба назари кунҷковонаи бачагона нигоҳ мекард (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Сарҷумларо ҷумлаи пайрави замон ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави макон: Вақте ки Зебо ояд, ҳар ҷо ки фармояд, меравам (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Ҳамин ки меҳмонон омаданд, ба роҳ медароем, чунки рӯз торик нашуда, аз ағба гузаштан лозим аст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Ҷумлаи пайрави мақсад:

Чу ёр гашт зи ман, дӯстон, канора шавед,
Ки накбати мани бадбахт бар шумо назанад.

(С. Айнӣ, Ашъори мунтахаб)

Вақте ки аскарони сурх ва фидоиён ба қишлоқи Басманда наздик омада буданд, дидбони босмачиён, барои он ки босмачиёни дар қишлоқ бударо хабардор кунад, тир парронд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар вай одами дуруст мешуд, вақте ки шумо омадед, боэҳтиром салом медод ва баъд арз мекард (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Ҳарчанд ки ин гуна мактабҳои ба ман маъқул набуд, аммо вақте ки ҳамҷин мактаб ҳам баста шуд, бисёр димоғи ман сӯхт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаи пайрави натиҷа: Ҳамин ки ӯ ба худ омад, лағаде ба шиками Давлат зад, ки ӯ такон хӯрда ба девори намади утов зада афтод («Шарқи сурх»).

  1. Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави макон эзоҳ медиҳанд:
    Ба куҷое ки офтоб расад, равшан асту ба куҷое ки нарасад, чун шаб торик (Ҳ. Аскар, Ҳ. Очилов, Ноз ва ғазаб).

  2. Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави сабаб эзоҳ медиҳанд:
    Чун ба тоҷикӣ ном надошт, падараш дар худи ҳамон ҷо,
    ба эътибори ин ки ҳар бор дикки карда хеста менишаст, Мирзодиккак ном ниҳод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

пешина
аз 312
навбатӣ