Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷумлаи пайрави монандӣ: Амонбокӯ, гӯё ки ба меҳмонӣ меравад, вақти шом сару либоси худро рост карда баромада, баъд аз соате сарсариёна ба кӯчаҳо гаштан бозгашта ба хонаи худ омада, бе он ки овози пое барорад, аз девор ба ҳавлӣ фуромада, ба гӯшаи қоҳхона пинҳон шуд ва мунтазири дарёфтани ҳақиқати ҳол гардида нишаст (С. Айний, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави замон: Вақте ки шоирии ман ва тахаллусам ба ҷавонони шоиртароши он замон маълум шуд, онҳо бе он ки аз ман шеър пурсанд ва маънии вайро ҷустуҷӯ кунанд, маънии тахаллусамро пурсиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Фотима ки ҳикояти Хӯҷаназар як дараҷа димоғаш сӯхта буд, аз ин ҳаракат ва сухани Мавлон боз ҳам зиёдтар оташин шуда, гӯё ки ин сухани ӯро нашунида бошад, ҷавобе надода гузашта рафт (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави мақсад: Занак на барои харидани он ҷома, балки барои ин ки ямоқи дар домани он ҷома задашуда ба назараш шинос намуд, онро гирифта ба ҳар тарафаш чашм андохт ва дар ҳолате ки рангаш парида буд, аз он ҷавон пурсид (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар ҳол ҳамин бошад, онҳо бе он ки кореро бароранд, ғаллаҳои дар анбор ва қанор мондаро хӯрда тамом мекунанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Ҳарчанд ки вай имрӯз омадани Абдуллоро мунтазир набуд, лекин чунон нишон дод, ки омадани вай ӯро ҳайрон накард (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Ҷумлаи пайрави натиҷа: Санавбар бе он ки ба касе ё тарафе нигоҳ кунад, дудаста, рост нашуда пахта мечид, ки дар як дам пешдоманаш пур мешуд («Садои Шарқ»).

  1. Сарҷумлаҳо ҷумлаҳои пайрави монандӣ эзоҳ медиҳанд:
    Устод... чунон ки дар вақти ҳаяҷони баланд одати ӯ буд, монанди он ки рақс мекарда бошад, дастони худро боло бардошт ва сари нарангушти худро ба сари ангушти шаҳодат соида қарсас занонд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Сарҷумларо ҷумлаи пайрави монандӣ ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави замон: Вақте ки Лоҳутӣ маданияти социалистии советии Тоҷикистонро тасвир мекунад, чунон ки худаш ба шавқу шодӣ меояд, хонандагонашро ҳам ба шавқу шодӣ меорад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Аммо ман, ки харсавори бад набудам ва дар харсаворӣ дасти худро шикаста, хеле таҷриба ҳосил карда будам, гӯё ки маро ба болои тӯқум елим карда монда бошад, дар он пешпохӯриҳои фиребгаронаи хар аз ҷо намеҷунбидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар зиндагӣ ҳамин аст, бояд ба соле намонда мумурд, чунон ки як қисми аз мардикорон ба касалии арақӣ (тиф) ва баъзе ба бадҳазмӣ гирифтор шуда, ба садҳо хорӣ ва зорӣ ҷон доданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

пешина
аз 312
навбатӣ