Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шавад, ҳаминро илова мекунам, ки мо як сол боз якдигарро надидаем («Садои Шарқ»).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар даворо дар вақташ ба кор барад, умед аст, ки рӯда ва меъдааш дуруст шавад (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар таги корро дурусттар кофта бинем, медонем, ин ҳаман асбоб, ҳамаи молу мулки инҳо аз мост ва аз меҳнати мост (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Ҳарчанд ки аз рӯи одоб нест, ман маҷбур мешавам, ки аз кори худ як мисол оварам (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

  1. Сарҷумларо ҷумлаи пайрави андозаву миқдор ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави тарзи амал: Ясавул бе он ки пои худро аз рикоб (узангу) барорад, бо пошнаи мӯзааш ба сари синаи Гулнори дилафгор чунон зад, ки мурдавор парида якчанд қадам поинтар ба чуқурие афтод ва як чир зада хомӯш монд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави замон: Ҳамин ки талаба номи вилояту деҳаи худро мегуфт Степанович (номи худ ва номи падари профессор) бо лаҳҷаи маҳаллии он талаба шурӯъ ба гуфтугӯ кардан менамуд ва дар он лаҳҷа чунон покиза тап мезад, ки гумон мекардед, вай тоҷики ҳақиқӣ ва аҳли ҳамон маҳал аст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Аммо ҳар қадар ки пештар мерафтем, ман маҳюстар мешудам, зеро пардаи шаффофи осмониранг кам-кам аз рӯи кӯҳҳо бардошта мешуд ва ман фақат сангу шоҳҳои муқаррариро медидам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаи пайрави мақсад: Ҳар қадар ки қарзталаб пулро бисёртар хоҳад, ҳамон қадар нархи чойро арзонтар мекард, то ки харидор ба доми ягон судхӯри пули нақд қарздиҳанда наафтад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар мо боз чанд километр болотар бароем, ҳаво ҳамон қадар кам, фишор ва зичиаш то ҳадде паст мешавад, ки нафас гирифтан ниҳоят мушкил ва дар охир тамоман номумкин шуда мемонад (Ҳ. Аскар, Ҳ. Очилов, Ноз ва ғазаб).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Ӯ ҳарчанд коғазпораҳоро бо ширеш ба ҳам часпонда қаламдон месозад, чунон ҳунар ба кор мебарад, ки монандӣ чӯб сахт ва обногузар мешавад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави тарзи амал эзоҳ медиҳанд:

Вай рост шуда, дар ҳолате ки ҷомаи майдалаганда дар кифташ буд, бе он ки остинҳои онро пӯшад, болиштро ба пушташ кашида, ба девор такя карда нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Сарҷумларо ҷумлаи пайрави тарзи амал ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

пешина
аз 312
навбатӣ