Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
шуда, сӯи ғарб медавиданд, то ки боз дар ҷое ҷамъ оянд ва он ҷоро ҳам аз оби шифобахши худ хуррамтар созанд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ҷумлаи пайрави шарт: Агар шумо пеш нигоҳ карда рафтан гиред, баногоҳ ин оби дурахшон монанди маҳи тобоне, ки дар паси абр медарояд, ба зери санге даромада, аз назаратон пинҳон мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави хилоф: Ҳарчанд деворҳои ин хонаҳо оҳак ё гаҷ молида нашуда бошад ҳам, аз мағор ва карраҳое, ки аз заҳ пайдо шуданд, мунаққаш менамояд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави натиҷа: Бар болои ин ҳар чизе, ки аз тарафи бой ба тӯй сарф шуд, нарху баҳои он ба инсофи бой ҳавола шуд, ки ин ҳам сабаби зиёдатии харҷ гардид (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави пуркунанда эзоҳ медиҳанд:
Ман ҳоло дар хотир надорам, ки чанд дона ҳосил гирифтам, аммо ҳамин қадарашро медонам, ки ҳафтае ду рӯз — дар рӯзҳои бозори Ғиҷдувон як ҷувол-як ҷувол ба ҳар бор карда ба бозор бурда мефурӯхтам, дар бозор 5—6 тин харҷ мекардам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Сарҷумларо ҷумлаи пайрави пуркунанда ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.
Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа: Лекин ман дар он дам ончунон озурда ва аламзадаи беадолатӣ шуда будам, ки дигар тоқат карда натавониста қарор додам, ҳуқуқи мактабхонии худро мудофия намоям (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷумлаи пайрави тарзи амал: ...ман дар ҳолате ки аз ҳалвои қоқтии дар дастам будагӣ газида гирифта қатор-қатор мехоидам, ба падарам гуфтам: ба ман ҳалвои равғанӣ гирифта диҳад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷумлаи пайрави монандӣ: ... ман ҳар чиро ки аз талабагони дигар мешунидам, мусли ин ки исфанҷ обро мекашад, ба худ мекашидам ва зӯр зада саводи русӣ меомӯхтам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷумлаи пайрави замон: Вақте ки Норбой Каркӣ рафтанӣ шуд, инро таъин кард, ки шабҳо мусли қаровул ин ҷо хобад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави макон: Рафта дар миёни роҳ, дар ҷое, ки ба ҷуз сангу об ҳеҷ чиз нест, мефаҳмӣ, ки ин ё он асбоби дар- кориро фаромӯш кардаӣ (Ҳ. Аскар, Ҳ. Очилов, Ноз ва ғазаб).
Ҷумлаи пайрави сабаб: Азбаски бемории бародарам кашол ёфт, рӯзе хостам, ки номаълум аз қафои ин табиб рафта аз кирду кораш ва ахлоқаш хабар гирам ва баъд дар хонаи ху- даш ба ӯ дар хусуси саломатии бародарам сухан кунам (Ҷ. Ик- ромӣ, Тахти вожгун).
Ҷумлаи пайрави мақсад: Барои он ки ба шумо равшантар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо