Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Сарҷумларо ҷумлаи пайрави муайянкунанда ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда: Фардои он рӯз яке аз одамони тӯқсаборо, ки ба ман шиносо буд, дида аҳволро пурсида фаҳмидам, ки он қадар кори аҷибе нашуда будааст... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа: Лекин ашкҳои шодӣ, ки аз чашмони ӯ пайваста мерехтанд, сару рӯи Одинаро тар мекарданд, ба андозае ки гоҳ-гоҳ бо остин пок кардани сару рӯяш даркор мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Чашму абрӯ, лабу даҳон, рангу рӯи ин духтар чӣ қадар дилрабо бошад, мӯи сиёҳи диловезаш, ки аз баногӯшаш гузашта ба дӯшаш афтода буд, ҳамон қадар зебо менамуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави тарзи амал: Яке аз тамошобинон, ки ин ҳолро дид, бе он ки ба касе шунавонад, худ ба худ зери лаб «бечорагон»! гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави монандӣ: Дар ҳамин вақт як деҳқони миёнақади на он қадар ҷавон, ки дар тан либосҳои деҳқонии бечоравор дошт, монандӣ он ки бо Қорӣ шинос бошад, омада ба ӯ бо таъзим, ҳурматкорона даст пеш гирифта салом дод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави замон: Одина, пас аз он ки аз ҳеҷ кас рӯи ёрӣ ва роҳбарӣ надоид, оҳиста аз болои роҳи трамвай гузашта, ба майдончае, ки дар миёнаи гардишҳои роҳи трамвай ҳаст, даромада, дар он ҷо дар таги дарахте дароз кашида ёзида хобид (С. Айнӣ, Куллиёт). Вақте ки аз байни қаторҳои вагонҳо мегузаштам, дар чорбоғчаи вокзал дар байни дарахтон касеро, ки шабона дида, кӣ будани ӯро муайян карда натавониста будам, дидам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави макон:

Ба ҳар куҷо ки шавад базм, бо баҳонаи вазъ
Нигар ба шайх, ки худро дар он миёна занад.

(С. Айнӣ, Ашъори мунтахаб)

Ҷумлаи пайрави сабаб: Азбаски ба таҳқиқу тафтиши сангу тарозу раис мутасаддӣ аст, чизе, ки аз сангу тарозу дуздида шавад, ҳаққи раис аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Таня аз ваҷҳи он бозии нозебе, ки ману Ҳалим бароварда будем, моро танбеҳ кард ва Ҳалимро шарм доронд, ки чаро ӯ пул надоштани рафиқашро дониста истода аз ӯ зиёфат талаб кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаи пайрави мақсад: Ӯ маро ба писари амакбачаи худдам, ки ҳамроҳи акам дар Бухоро мехонд ва дар хушхатӣ машҳур буд, шогирд кард, ки ӯ ба ман хатнависиро ёд диҳад (С. Айнӣ, Куллиёт). Абрҳое, ки фақат якчанд дақиқа пеш аз ин заминро сероб намуда буданд, порча-порча аз ҳам канда

пешина
аз 312
навбатӣ