Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар эҷодиёти рассом тамошобинро ба ҳаяҷон орад, пас маълум мешавад, ки асар замонавист («Маориф ва маданият»).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Сафаргулом, Эргаш, Йӯлдошев ва Муҳаббат-апа барин коммунистони пурматонат сирри дарунии худро напаҳмонда нишаста бошанд ҳам, аз башараи дигарон маълум буд, ки аз дилашон чиҳо гузашта истодааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави хабар эзоҳ медиҳанд. Ин мавриди истифода ба ҷумлаи пайрави хабар хос нест. Ду ҷумлаи пайрави хабари ғайричида ба сарҷумла танҳо вақте тобеъ мешаванд, ки хабарҳои сарҷумла чида шуда бошанд:

Мақсади мо он нест, ки шуморо ба кори вазнин фиристовнем, балки ин аст, ки бригадаи қафомондаро ба бригадаи пешқадам табдил диҳем («Садои Шарқ»). ... дар вақти чинаки пахта тӯй кардани бой на аз барои ин аст, ки шиками ту ва дигаронро сер кунад, балки барои ин аст, ки меҳнаткашонро аз кор мононда, ба чинаки пахта халал расонад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Сарҷумларо ҷумлаи пайрави хабар ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Дар вақти мурдани худ ягона васияте, ки ба модараш Бибиоиша намуд, ин буд, ки нури чашми ӯ — Гулбибиро ба қатори Одина парвариш намояд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави замон: Акнун ки ту ба маҷлиси сулҳ ҳозир нашуда, муқобилати худатро рӯйрост нишон додӣ, беҳтар он аст, ки ба пеши мо наист ва ба тарафи Ҳисору Душанбе рафта, аз он ҷо ба сари худ кор сар кун (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Азбаски касби ронандагиро дӯст медошт, нияташ ин буд, ки шофёр шавад («Садои Шарқ»).

Ҷумлаи пайрави мақсад: Барои ин ки ба дигар корҳо қувваюҳои кориро беҳуда сарф накунем, матлаби мо ин аст, ки ҳамаро ба пахтачинӣ сафарбар намоем («Садои Шарқ»).

Ҷумлаи пайрави шарт: Агар ҳақиқатан ин гуна ҳавас дошта бошед, аз ман ба шумо насиҳати оқилона ҳамин аст, ки ин савдоро аз сари худ дур кунед (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави хилоф: Агарчи хеле мушкил аст, вале қасди ман ин аст, ки ақаллан як бор ӯро бубинам («Садои Шарқ»).

  1. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиби ғайричида, ки дар он сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда эзоҳ медиҳанд: Поёнтари ин ҳамвории ба нишебӣ моиле, ки мо ҳанӯз аз тамошояш сер нашудаем, дараи чуқуре буд, ки девораи он, то канори ҳамворӣ, аз зер ба боло гӯё ки рост баромада буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Доре, ки дар регхона баста шуд, аз дорҳое, ки дар боби боло тасвир ёфтанд, дигаргунтар буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
пешина
аз 312
навбатӣ