Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

аз хоби ширин барвақт бедор шуда омада буданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ин тараби баҳорро онҳо ҳис мекунанд, ки дар мавқеи худ барқароранд, онҳое, ки дар байни мардум озодона сар бардошта мегарданд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Сарҷумларо ҷумлаи пайрави мубтадо ва ҷумлаҳои пайрави дигар эзоҳ медиҳанд.

Ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Аз рӯи ситораҳое, ки гоҳ-гоҳ ва ҷо-ҷо аз зери абр намоён мешуданд, маълум мешуд, ки саҳар наздик расидааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Он далерӣ, ки аз вай ба зери шамшери ясавул дида шуд, маълум буд, ки вай осон-осон ба зании дигар кас розӣ нахоҳад шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави пуркунанда:

Онҳо, ки надонанд суруди ғами ҷонон,
Гӯянд: Камол, аз паи ӯ чанд кани ҷон.
(Камоли Хуҷандӣ)

Ҷумлаи пайрави монандӣ: Мисли он ки дар хоб дида бошам, ба ёдам мондааст, ки гӯё мудири илмӣ ба ман мегуфт... (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Ҷумлаи пайрави замон:

Эй, он ки надида рухи ту ғамгинӣ,
Дар боғи саодати ватан гул чинӣ,
Ҳар гоҳ ки шеъри ман ба дастат бирасад,
Хонӣ у дар он акси худатрова бинӣ.
(Ҳабиб Юсуфӣ)

Пеш аз он ки Шариф ба Одина аз хонаводаи ӯ хабаре расонад, маро лозим аст, ки баъд аз сафари дуввуми Одина ба Фарғона воқеаҳои ба вай дахлдорро ба хонандагон ҳикоя намоям (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаи пайрави сабаб: Модоме ки Нуралӣ ин тарз оромона гап мезанад, маълум мешавад, ки роҳи манъ кардани никоҳи Шодигул ва Туробро медонад (С. Улуғзода, Навобод).

Чошт ки ҳангоми хуши иштиҳост,
Ҳар чӣ тановул бинамой, равост.
(С. Айнӣ)

Ҷумлаи пайрави мақсад: Барои он ки мазракаи интихобот муташаккилона, ба дараҷаи баланди идеявӣ-сиёсӣ гузаронида шавад, ташкилотҳои партиявӣ, советӣ, иттифоқҳои касаба ва комсомолиро зарур аст, ки аз рӯзҳои аввал корҳои тайёрии интихоботро вусъат диҳанд («Тоҷикистони советӣ»).

пешина
аз 312
навбатӣ