Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
- Ҷумлаҳои пайрав калимаҳои такрори сарҷумларо эзоҳ медиҳанд:
Намедонист, ки то тамом шудани ин озуқа аз поён боз озуқа мерасад ё не; намедонист, ки рӯзи аз ин нӯги кӯҳ поён фаромадан мерасад ё не (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Дар ин рӯзи таърихие, ки киштии умеди Фузайҳ ва соҳибони он ба мавҷи пурнашъаи ҳаёти хушбахтонаи мо, ба талатуми пурғурури тӯдаи меҳнат тобоварӣ карда натавонист, пора-пора шуд ва ғарқ гардид, дар ин рӯзе, ки мо ба ҷароҳатҳое, ки аз дасти разилонаи онҳо ба тани Қаротегини шӯрой расидааст, марҳам мемолидем, дар ин рӯзе, ки чанд дона баргҳои дарахти азими бемисл чанд нафар рафиқони беназири худро ба хок месупоридем, ман дар пеши тобути Домулло Саид меистодам (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Аз ҷумлаҳои пайрав яке тамоми сарҷумларо, дигаре яке аз аъзоҳои сарҷумларо эзоҳ медиҳад:
Азбаски мақсади мо як маст шуда базм тамошо кардан буд, ба яке аз «корхона»-ҳои қисми аввал даромада ба айвони болохонаи ӯ, ки нақшин буда, ба тарафи кӯча нигоҳ мекард, ҷой гирифтем (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман қариб ду соат ин маҷлиси дилгиркунандаи мастонро тамошо карда истода бошам ҳам, дар миёни онҳо он касеро, ки ман дидан ва шинохтани ӯро мехостам, дида натавонистам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳои пайрави ғайричида, чунон ки зикр шуд, аз ҷиҳати мансубияташон ба хелҳои ҷумлаи пайрав ҳамхела ва ҳархела мешаванд. Албатта, дараҷаи истифодаи ҷумлаҳои пайрави ҳамхела нисбат ба ҷумлаҳои пайрави ҳархела басо маҳдуд аст. Дар қолиби ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб бо ҷумлаҳои пайрави ҳархела ҳамаи ҷумлаҳои пайрав омада метавонанд, вале дар қолаби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ҳамхела на ҳамаи ҷумлаҳои пайрав имконияти иштирок кардан доранд. Ҳамчунин, дар ин қолиб бо ҷумлаҳои пайрави хабар ва пуркунанда омадани ҷумлаи пайрави натиҷа, бо ҷумлаи пайрави хабар омадани ҷумлаи пайрави пуркунанда имкон надорад, чунки ин ҷумлаҳои пайрав одатан пас аз сарҷумла меоянд ва ин мавқеи истифода барои дар қолиби ғайричида омадан имконият намедиҳад.
Дар қолиби ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб бо ҷумлаҳои пайрави ғайричида ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, замон, шарт, хилоф, сабаб ва мақсад хеле фаровон истифода мешаванд, дигар ҷумлаҳои пайрав низ каму беш меоянд, вале ҷумлаи пайрави макон, ки худ камистеъмол аст, хеле кам меояд.
Мо ҳоло қолибҳои маъмуриро бо мисолҳо нишон медиҳем.
- Сарҷумларо ҷумлаҳои пайрави мубтадо эзоҳ медиҳанд:
Одамоне, ки ба кори савдо ва тиҷорат ба Бухоро мерафтанд,
ва онҳо, ки аз поездҳои шабона ба Когон фаромада буданд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо