Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дарду алами ҷудоӣ аз падару модар буд... (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...); 3) мубтадо ва пуркунанда:
Ҷавононро, ки ҳанӯз хонадор нашуда буданд, ба нияти фоли нек косаи оби никоҳро, ки дар пеши имом истода буд, гирифта талош карда нӯшиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
4) мубтадо ва ҳол:
Кӯҳсоре, ки ин дараро печонда гирифтааст, аз дур ба назаратон монанди як кӯҳпорае менамояд, ки ба дарунаш шикофе ва сӯрохе надошта бошад (С. Айнӣ, Куллиёт).
5) хабар ва муайянкунанда: Садои мошине, ки аз паҳлуи идора гузашт, овозе буд, ки чанд бор шунида будам («Садои Шарқ»).
6) хабар ва пуркунанда: Боғи падар барои писар, ки фарзанди ягона буд, ишратгоҳе буд, ки ҳамаи дӯстонаш дар он мегунҷиданд («Садои Шарқ»).
7) хабар ва ҳол: Дуртар аз ин боғ, ки мо дида гузаштем, дар ободонии мардумнишин деҳае буд, ки атрофи ин деҳаро монанди қалъаҳои шаҳр бо девори баланде иҳота карда гирифта буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
8) муайянкунанда ва ҳол: Солдатҳои немис бо фармони командири худ, ки формаи оберлейтенантӣ дошт ва химчаи ғафс дар дасташ аз болои хоктӯда истода ба онҳо супориш медод, захмдорони советиро гоҳ тела дода, гоҳ аз гиребонашон кашола карда, ба лаби чуқурие, ки ҷои ахлотпарто буд, меоварданд (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...).
9) пуркунанда ва ҳол: Дар мадрасаи Мири Араб, ки дар он ҷо аз 300 нафар зиёдтар талаба ва муллоҳои хатмкарда буданд, ман дар он сол ба касе вонахӯрдам, ки аз шеъру адабиёт гап занад (С. Айнӣ, Куллиёт).
10) ҳолҳои гуногун: Амир ба асосаву дабдабае, ки гӯё аз арки Бухоро баромада ба чорбоғи Ситорамаҳхоса мерафта бошад, баромада дар лаби дарёи Панҷ ба наздикии гузаргоҳи «Дарқад» омада фуромад ва ба хонаи сиёҳе, ки гулханашро гарм карда бо ҷули асп ва кӯрпачаҳои палтарӣ хобгоҳе тайёр карда буданд, даромада нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт).
3. Ҷумлаҳои пайрав аъзоҳои чидаи сарчумларо эзоҳ медиҳанд:
Ин сухан як дег оби ҷӯшон буд, ки ба сари ман рехт ё санги осиё буд, ки бар сари ман гардида тамоми аъзои баданамро ордвор соида партофт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин якрангиро фақат дарахтони тут, ки шоҳҳои сабзи қаҷу килеби худро ба болои баъзе бомҳо ёзондаанд, тӯбсадаҳои сиёҳтобе, ки дар байни бомҳо, ҷо-ҷо гунбазвор қубба шуда истодаанд ва яктанимта, чинорҳои баланде, ки дар болояшон албатта лаклак хона андохтааст, халалдор мекунанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

пешина
аз 312
навбатӣ