Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ЧУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ
БО ЧУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ҒАЙРИЧИДА

Ҷумлаҳои пайрав ба сарчумла ба тарзи ғайричида низ алоқаманд мешаванд. Алоқаи ҷумлаҳои пайрави ғайричида ба сарҷумла бо ёрии воситаҳои гуногун ба амал меояд. Дар байни ҷумлаҳои пайрави ғайричида ҳеҷ гуна муносибати маъноиву грамматикӣ мавҷуд нест.

Ҷумлаҳои пайрави ғайричида аз рӯи мансубияташон ба ин ё он гурӯҳи ҷумлаҳои пайрав ду хел мешаванд: якхела ва ҳархела.

Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ғайричидаи якхела ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави чида танҳо аз як ҷиҳат монанд мебошанд: дар ҳар ду гурӯҳ ҳам ҷумлаҳои пайрав як хеланд ва онҳо метавонанд ба як савол низ ҷавоб шаванд. Аммо тафовути онҳо ҷиддист, дар байни ҷумлаҳои пайрави чида алоқаи пайваст мавҷуд аст, вале дар байни ҷумлаҳои пайрави ғайричида ҳеҷ гуна алоқа дида намешавад, онҳо ба ҳам ҳеҷ гуна муносибати синтаксисӣ надоранд. Ҷумлаҳои пайрави ғайричида бар хилофи ҷумлаҳои пайрави чида на танҳо ба як аъзои сарҷумла ё ки ба тамоми сарҷумла, балки ба аъзоҳои гуногун, чида ва такрори сарҷумла низ тобеъ мешаванд.

  1. Ҷумлаҳои пайрави ғайричида тамоми сарҷумларо эзоҳ медиҳанд:

Дар канори ҷӯйҳо ниҳолҳои навхез сабзида бошанд ҳам,
азбаски ҳанӯз паҳлу кушода бисёр соядор нашуда буданд,
аз тобиши офтоб монанди ҷадвали симин тофтани оби равонро монеҳ намешуданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Ҷумлаҳои пайрав ба аъзоҳои гуногуни сарҷумла тобеъ мебошанд. Ҷумлаҳои пайраве, ки аъзоҳои гуногуни сарҷумларо эзоҳ медиҳанд, якхела ва ҳархела шуда метавонанд. Тарзи якхелаи истифода асосан ба ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда мансуб аст, чунки ҷумлаи пайрави муайянкунанда исми сарҷумларо эзоҳ медиҳад, исм бошад, ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада метавонад. Аз ин рӯ, ҷумлаи пайрави ғайричидаи муайянкунанда бар эзоҳи аъзоҳои гуногуни сарҷумла ба тарзи зерин омада метавонад:
  1. мубтадо ва хабар:

Он иморатҳо, ки мебинед, мактаб, клуб, қироатхона ва мошинахона аст, ки мувофиқи зиндагонии нав сохта шудаанд
(С. Айнӣ, Куллиёт). Роҳе, ки дар ҳаёти шахсияш тай кардааст, он роҳе набудааст, ки инсони соҳибиқбол тай мекунад
(Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ);

  1. мубтадо ва муайянкунанда:

Ин сатрҳо, ки дар дафтари хотираҳои Давлат навишта шудааст, садои дилест, ки як вақтҳо ғарибу маъюс буд, макони

пешина
аз 312
навбатӣ