Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
шарти-хоҳишмандии феъл ифода мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат ё пеш ва ё пас аз ҷумлаҳои содда бо калимаҳои такрори хоҳ... хоҳ ҷумлаи дигари эзоҳталаб ва ё хулосавӣ меояд:
Ман албатта пагоҳ меравам, хоҳ офтоб шавад, хоҳ борон борад, хоҳ барф резад («Садои Шарқ»). Ба падарам хоҳ ту мегӯӣ, хоҳ дигар кас мегӯяд, ба ман фарқ надорад, ман дигар дар ин хона истода наметавонам (Сорбон, Ҷӯгӣ. Буд, набуд).
Ҳиссаҷаи такрори ҳам... ҳам дар аввали ҳамаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб омада, дар як плани умумӣ воқеъ гардидани онҳоро ба тарзи таъкид ифода мекунад:
Ҳам падарам омад, ҳам хоҳарам ёфт шуд, ҳам тӯй барпо гардид («Садои Шарқ»).
Агар ҷумлаи якуми ин гуна ҷумлаҳои сертаркиб хусусияти умумӣ, хулосавӣ ва ё ҷамъбастӣ дошта бошад, ҳиссаҷа пеш аз вай намеояд, вале пеш аз ҳамаи ҷумлаҳои соддаи дигар омаданаш мумкин аст:
Ҷанги беамон сар шуд, ҳам одамони онҳо мурданд, ҳам ҷигарбандҳои мо қурбон шуданд («Садои Шарқ»).
Ҳиссаҷаи на... на мисли ҳам... ҳам дар аввали ҳамаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст ояд ҳам, тарзӣ дар аввали ҷумлаи якум наомада, бо ҷумлаҳои дигар такрор шудани он маъмултар аст. Мустақилияти ҷумлаи мураккабе ҳам, ки пеш аз ҳамаи ҳиссаҷои он ҳиссаҷаи на... на омадааст, нисбист, чунки одатан пеш аз ин гуна ҷумлаҳо ягон ҷумлаи эзоҳталаб, ки бо аломате ҷудо карда шудааст, меояд. Ҷумлаи пешина хоҳ бо нуқта ҷудо карда шуда бошад, хоҳ не, дар шакли манфӣ омада, бо ҷумлаҳои инкории сонӣ дар ягонагии шаклу маъно воқеъ мегардад:
Асрори азалро на ту донию на ман
В-ин ҳарфи муаммо на ту хонию на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда дарафтад, на ту монию на ман.
(Хайём)
Аз мобайн чӣ қадар вақт гузашт, на Петя Семёнов донист ва на Давлат Сафоев (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...). Падарам ва ман бо вай гуфтугӯ карда наметавонистем: на вай гапи моро мефаҳмид ва на мо аз ҳа-ҳуи ӯ маъние мебаровардем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Яке аз қолибҳои машҳуру маъмули ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо ҳиссаҷаи на... на ин аст, ки хабари якхелаи ҷумлаҳои содда такрор намешавад ва хабар одатан пас аз ҷумлаи якум меояд. Ҷумлаҳои соддаи инкорӣ дар ин гуна мавридҳо аз дуто иборат мешаванд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо