Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тақдирашон ба ҳам омад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Хайрият, сафсатахонии загомарӯи серманаҳ дигар тӯл накашиду аз берун шарфаи пой ба гӯш расид ва ӯ шамшерро зуд ба найомаш андохта аз ҷой бархоста, чашмонашро ба торикӣ дӯхт (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Ҷумлаҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо ду ҷумлаи соддаи аввал бе пайвандак, танҳо ба воситаи интонация алоқаманд шуда, дигар ҷумлаҳо ба якдигар бо пайвандаки «ва» пайваст мешаванд. Ин ҳолат мустақилияти нисбии ҷумлаи якум ва аз ҷиҳати маъно ва грамматика ба ҳамдигар басо наздик будани ҷумлаҳои сониро далолат мекунад:

Чой омад, дастархон паҳн гардид ва бар рӯи дастархон нон ва лаълии чоршарбат гузошта шуд ва боз сӯҳбат давом кард (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо ҷумлаҳои соддаи аввал ба ҳам бо пайвандаки «ва» алоқаманд шуда, ҷумлаи соддаи охирин бе пайвандак пайваст шудааст. Дар ин гуна ҷумлаҳои пайвасти сертаркиб алоқаи ҷумлаҳои соддаи аввал ба ҳам зичтар ва мустаҳкамтар буда, ҷумлаи соддаи охирин хусусияти ҷамъбастӣ ва эзоҳӣ дорад:

Аҳволи сиҳатии падарам хуб набуд ва ӯ дар хона ба ака ва додарҳорам саробонӣ карда монд, ман модарамро ба сари мурдаи тағуям ба хонаи бобом бурдам (С. Айнӣ, Куллиёт). Барои Аминҷон заминкани махсусе ҷудо карда шуда буд ва ӯ дар он заминкан фақат барои андаке истироҳат ва ё барои навиштани чизе ва тарҳу нақшакашӣ ва маслиҳат меомад, бисёрии фурсати ӯро корҳои зарурӣ дигар — тайёрӣ ба ҳуҷум, сӯҳбат бо ҷанговарон, ошно шудан бо аскарҳои навомада ва аз ҳоли онҳо хабардор шудан мегирифт (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур).

Дар ин маврид низ ҳамвазифагии пайвандаки «ва» бо «-у» ба назар мерасад:

Дар ҳамин вақт дари кӯчаи Рустам кушода шуду як одам аз он берун баромад, кифти хамидаи он ба Рустам-амак монандӣ дошт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Дар забони тоҷикӣ воҳидаҳои лексикиву грамматикие, ки дар аввали ҳамаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб меоянд, мавҷуданд.

Калимаҳои такрори чи... чи ва хоҳ... хоҳ дар таркиби ҷумлаҳои сертаркиб низ меоянд. Ҷузъҳои ҷумлаи мураккабе, ки бо ин калимаҳо меоянд, дорои ягон аъзои ягона мебошанд, ки он боиси алоқаи зичи онҳо мегардад.

Ҷумлаҳое, ки ба воситаи калимаҳои такрори хоҳ... хоҳ омадаанд, аз ҷиҳати сохт ба ҷумлаҳои бо дигар калима ва пайвандакҳои такрор омада баъзе умумиятҳо дошта бошанд ҳам, бо баъзе хусусиятҳояшон фарқ мекунанд. Калимаҳои такрори хоҳ... хоҳ бо ҷумлаҳои соддае меоянд, ки хусусияти ирреалии доранд; ин аст, ки хабари онҳо ҳамеша бо шакли аористи сиған

пешина
аз 312
навбатӣ