Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Пас аз ҷумлаҳои охирин бо калимаи «инчунин» омадани пайвандаки «ва» мумкин аст. Дар ин гуна ҷумлаҳо ба замми он ки ҳиссаи охирин будани он ҷумлаи содда ишора карда мешавад, хусусияти иловагии он дарҷ мешавад:
— Ин саллаи ман дастори ертишгиру тӯйхӯр аст,— гуфт Қорӣ-ишкамба дар ҷавоб,— вақте ки бо ин дастор ба сари дафни мурдае ҳозир мешавам, ба ҳар кас як ертиш диҳанд, ба ман ду газ медиҳанд ва инчунин дар тӯйҳо ҳам табақи сергӯш-ту равғани палав ба пеши ман меояд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бо пайвандаки «ва» ҷумлаҳои содда ҷуфт-ҷуфт низ меоянд. Дар охири ҷумлаҳои ҷуфт, мумкин аст, ягон ҷумлаи хулосавӣ ва эзоҳӣ ояд, дар он сурат пайвандаки «ва» пеш аз,он низ омада метавонад:
Дар ин дафъа нимаи чаҳ-чаҳакбозон гузаштанд ва нимаи дигарашон афтоданд, дар навбати чорум ҳеҷ кас гузашта натавонист ва ҳамаашон афтоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). У як байт хонд ва ман ба ӯ ҷавоб додам ва ӯ ҷавоб дод ва боз ман ҷавоб додам ва ба ҳамин тариқа мо ноист тахминан 15 дақиқа байтбарак кардем (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо ҳамаи ҷумлаҳои содда ба якдигар ба воситаи пайвандаки «ва» алоқаманд шудаанд. Дар ин гуна ҷумлаҳо пайвандаки «ва» яклухтии ҷумлаи мураккаб, оҳанги ягона ва наздику ягонагии он чиро, ки дар ҷумлаҳои содда гуфта шудааст, мефаҳмонад:
Ин суханони деҳқон ба одамони амлокдор сахт мерасад ва онҳо худҳошонро таҳқиркардашуда мешуморанд ва яке аз онҳо ба сари деҳқон бо қамчин мезанад (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин он ҷой ба ҳар кас муяссар намешуд ва талабаҳои калон-солтар ва зӯртар он гуна ҷоҳоро соҳибӣ мекарданд ва насибаи ман барин талабаҳои хурдсол ва навхон рӯи саҳни боло-кушода буд (С. Айнӣ, Куллиёт). ... ба гӯши асп об даромад ва бо ҳамин кори асп шуд ва ҳам худи ӯ нобуд гашт (Сорбон, Чӯгӣ. Буд, набуд).
Ин усули ҷумлабандӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик кам ба назар мерасад, вале дар забони адабиёти классикӣ хеле фаровон аст. Ин тарзи истифода ба пайвандаки «-у» низ мансуб аст. Дар ин маврид ҳамвазифагии ин ду пайвандак мушоҳида мешавад:
Ба рӯи Наҷмиддин компресси тафсон ҳам зер карда шуду борони атр ҳам бориду чанги пудра ҳам пошида шуд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Дар ин қабил ҷумлаҳои пайвасти сертаркиб яке аз ҷумлаҳои содда бо пайвандаки «ва», дигаре бо пайвандаки «у» алоқаманд мешавад. Пайвандаки «-у» дар байни ду ҷумлаи соддаи аввал, вале пайвандаки «ва» дар байни ҷумлаҳои охирин меояд:
Лекин ҳамон вақтҳо як ҳодисаи аҷибе рӯй доду Очил-батраки бенаво ба Оиша ном духтари шаҳрӣ хонадор гашт ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо