Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аст, ки маънои вай басо умумӣ ва абстракт буда, барои алоқаи қариб ҳама гуна ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст истифода мешавад. Пайвандаки «ва» дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст барои алоқаи ҷумлаҳои соддае, ки муносибати шумур, замонӣ, сабабу натиҷа доранд, истифода мешавад. Дар муносибати хилофӣ ин пайвандак ягон-ягон ба назар мерасад.
Яке аз хусусиятҳои асосии пайвандаки «ва» дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб аз ин иборат аст, ки вай дар аввали ҷумлаи охирин омада, хотима ёфтани ҷумлаи сертаркибро ишорат мекунад. Дар ин мавриди пайвандаки «ва» бо пайвандаки «-у» (-ю, -ву) ҳамвазифа ба шумор намеравад:
Ду писараш ба мирзохони қушбегӣ котиби дараҷаи паст буданд, писари саввумаш — Мирсолеҳ дар мадраса мехонд ва писари аз ҳама хурдаш — Мирҳикмат дар хона хизмат мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳофиз мисли бистариён косаро дошта натавонист, дастонаш ларзида коса афтид ва атола ба рӯи дастархон рехт (Сорбон, Ҷӯгӣ. Буд набуд). Тирамоҳ хушк омад, ҳамаи ҳосилот ғундошта шуд ва заминҳо шудгори обӣ карда шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ҷумлаҳои соддаи ҳолӣ асосан бе пайвандак меоянд; дар ин гуна маъридҳо пайвандак пас аз ҷумлае меояд, ки хабари он дар шакли тасрифӣ омадааст, дар ҳамин ҳолат ҳам пайвандаки «ва» ба хотимавӣ будани ҷумлаи соддаи охирин ишора мекунад:
Аз нав чароғи зал хомӯш карда шуда, тамошо сар шуд ва ба монанди аввала мардум ором нишаста, бозии актёрҳои колхозиро бо завқ тамошо мекарданд (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман). Ана бо ҳамин сабабҳо нархи ҳуҷраи ин мадраса нисбат ба сернакфиаш гаронтар буда, ба толибони пулмасти айшталаб ба даст даровардани он хеле душвор буд ва бештарин бо ришва додан ба калонони ин ҷо ин матлаб ба дасти онҳо медаромад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Гоҳо барои таъкиди хусусияти хотимавии ҷумлаи соддаи охирин ва тобиши иловагии он бо пайвандаки «ва» ҳиссачаи «ҳам» низ меояд:
Дар соли дуввуми ҷанг пӯсти бадани Қорӣ-ишкамба таранг, гӯшти зери занақаш овезон ва шикамаш ҳам аз пештарааш калонтар шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Гоҳо барои таъкиди тамомшавии ҷумлаи содда пас аз пайвандаки «ва» дигар калимаҳои таъкидӣ низ меоянд:
Дар колхоз сол аз дувоздаҳ моҳ ҷӯшу хурӯши кор аст; зимистон ба саҳро порую хок мекашем, ҷӯй, канал мекобем, баҳор ҳам ахлоту пору, хошоку беда мекашем, кишт мекунем, тобистон долу зарби ғаллаву дона ва сабзавотқашонӣ аст, кори байни қаторҳои пахта аст ва ниҳоят дар тирамоҳ мавсими серташвиши пахтаву мева, шоливу беда мебошад («Тоҷикистони советӣ»).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо