Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дӯхт, дубора ғалтид (С. Айнӣ, Куллиёт). Гирдогирди шаҳри Душанберо тахминан даҳ нафар босмачӣ ҳалқавор гирифта буд; ин босмачиён монанди босмачиёни пештара беинтизом ва бехабар аз дониши ҷангӣ не, балки ба инҳо яке аз машҳуртарин сардорони ҷангии дунё — Анварпошшо роҳбарӣ мекунад, хусусан баъд аз хиёнати вакили мухтор нуфузи маънавии ин сардор ба болои босмачиён ва аксулинқилобиён зиёд шудааст; акнун босмачиён ба вай хуб итоат мекунанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман аз ҷой хеста берун баромадам, аммо рӯи ҳавлӣ ва замини рӯйдарича ба регзоре монанд гашта буд; дар реги рӯи ҳавлӣ ва замини боғча кафш то пошнааш меғӯтид, шукуфтаҳои дарахтони зардолу монанди мурдаҳои занбӯрҳои асал ба назар менамуданд, сабза ва майсаҳо бошанд, дар зери рег тамоман нопадид гардида буданд, боғча... имрӯз монанди хонаи мотамзадагон андӯҳовар ва ғамангез гардида буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар хусуси миқдори ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ҳаминро гуфтан лозим аст, ки онро бо ягон адад маҳдуд кардан мумкин нест, чунки миқдори ҷумлаҳои содда ба омили забонӣ не, балки ба ҳодисаю воқеаи тасвиршаванда вобаста аст. Албатта, ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки аз се ҷумлаи содда иборатанд, бештар меоранд, аммо ҷумлаҳое, ки аз чор, панҷ ё худ бештар ҷумлаҳои содда иборатанд, камтар дучор мешаванд. Ҷумлаҳои сертаркибро Айнӣ фаровонтар истифода кардааст. Барои мисол аз ӯ як ҷумлаи сертаркиб меорем, ки дар он ҳафт ҷумлаи содда омадааст:
Баҳор омад, ғунчаҳо аз гул баромаданд, навдаҳои тутҳои балхӣ барои хӯроки кирмакҳои пилла каллак шудан гирифтанд; ҷӯи Мазрангон бо лойоби селҳои баҳорӣ пур аз сурхоҳ шуда мешорид; деҳқонон ҷуфт мебастанд, замин меронданд, дандона мола мекарданд ва мекиштанд; фароштурукҳо лойҳои шифтиро ба шакли пумбадона лӯнда карда оварда дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона месохтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
ПАЙВАНДАК ДАР ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ
ПАЙВАСТИ СЕРТАРКИБ
Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб низ ҳамон пайвандакҳое истифода мешаванд, ки дар ҷумлаҳои мураккаби дутаркиба омадаанд, аммо мавқеъ ва вазифаи пайвандакҳо дар ин ду воҳиди синтаксисӣ аз ҳам тафовут низ доранд.
Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб пайвандаки серистеъмолтарин «ва» ба шумор меравад. Пайвандаки пайвасткунандаи «ва» (инчунин «-у») унсури ногузири ҷумлаи мураккаб, аз ҷумла ҷумлаҳои сертаркиб ба шумор намеравад. Тафовути вай аз дигар пайвандакҳои пайвасткунанда дар ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо